Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии вакилзанон таҳти унвони “Занон ва сиёсати миллӣ: таҷриба, дастовардҳо ва дурнамо”, дар доираи ташаббуси ҳизбии “Ҷаҳонгардиро аз ватангардӣ оғоз намо” дар Қасри фарҳанги Пушинги Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Дар кори форум Неъматзода Маликшо - Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раҳмонзода Абдулло - муовини раиси Вилояти Хатлон, Файзиддинзода Бунафша - Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидвализода Барно - Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рафиқа Мусоева - ходими давлатию сиёсӣ ва Ҳакимзода Зуҳро - муовини раиси ноҳияи Данғара иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Маликшо Неъматзода зимни суханронии ифтитоҳӣ ёдовар шуданд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон сиёсати инсондӯстона, ватанпарварона ва дурбинона буда, ҳамзамон ҳуқуқу озодиҳои занонро ҳифз мекунад, имкониятҳои баробарро фароҳам меорад ва занонро ҳамчун қувваи асосии рушду суботи ҷомеа муаррифӣ менамояд.
Дар идома Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни суҳбат иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат, занони тоҷик дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз маорифу тандурустӣ то илм, фарҳанг, соҳибкорӣ ва идоракунӣ нақши фаъол доранд.
Ходими сиёсию ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева дар суханронии худ зикр дошт, ки аз рӯзҳои аввали собиистиқлолӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи нақши зан дар ҳаёти давлату ҷомеа, сиёсати хосаеро дар самти дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон роҳандозӣ намуданд.
Вакили МН МО ҶТ Саидвализода Барно дар суҳбат иброз намуд, ки имрӯзҳо ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун гардида истодааст.
Абдулло Раҳмонзода -муовини раиси вилояти Хатлон дар ҷараёни ҳамоиш иброз намуд, ки 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои занони Тоҷикистон давраи рушди имкониятҳо, болоравии мақому мартаба ва иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар гардид.
Имрӯз занони тоҷик дар баробари тарбияи фарзанд ва нигоҳдории арзишҳои миллӣ, дар соҳаҳои гуногун фаъолияти босамар намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Истиқлол ба занон имконият дод, ки истеъдоду қобилияти худро бештар нишон дода, дар ободии Ватан, таҳкими сулҳу субот ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир дошта бошанд.
Ҳакимзода Зуҳро - муовини раиси ноҳияи Данғара дар охири ҳамоиш тамоми иштирокдоронро барои иштирокашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба ҷашни муқаддаси миллӣ 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ табрику муборак бод намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки занону модарон бо азму иродаи қавӣ кӯшиш доранд, ки рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пешаи худ сохта, минбаъд низ ба қадри соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расанд, истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми босазо гузоранд.
Дар охири ҳамоиш як қатор занони фаъолу собиқадор бо Сипоснома қадрдонӣ гардида, барномаи фарҳагӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.