Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Народно Демократическая Партия Таджикистана People's democratic party of tajikistan
ҲХДТ:
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ
28-уми августи соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Истиқлолият, ҷавонӣ ва созандагӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Зафар Сайидзода, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан», инчунин намояндагони фаъоли ин созмон аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Барномаи форум бо боздиди дастаҷамъонаи иштирокчиён аз «Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз ёфт. Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ҳизбӣ ва таърихи он, дар маҷлисгоҳи КИМ ҲХДТ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.