Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Народно Демократическая Партия Таджикистана
People's democratic party of tajikistan
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти ОЛӢ
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
    • Дастгоҳи КИМ
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Робитаҳои хориҷӣ
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • Фраксияи ҲХДТ
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Минбари халқ
    • Обуна
  • Кумитаҳои
    иҷроия
    • Душанбе
      • КИШ
      • И.Сомонӣ
      • Сино
      • Фирдавсӣ
      • Шоҳмансур
    • ВМКБ
      • КИВ ВМКБ
      • Хоруғ
      • Ванҷ
      • Дарвоз
      • Ишкошим
      • Мурғоб
      • Роштқалъа
      • Рӯшон
      • Шуғнон
    • СУҒД
      • КИВ СУҒД
      • Хуҷанд
      • Гулистон
      • Бӯстон
      • Б.Ғафуров
      • Истиқлол
      • Ашт
      • Масчоҳ
      • Конибодом
      • Исфара
      • Истаравшан
      • Шаҳристон
      • Деваштич
      • Ҷ.Расулов
      • Спитамен
      • Зафаробод
      • Айнӣ
      • Кӯҳ.Масчоҳ
      • Панҷакент
    • ХАТЛОН
      • КИВ ХАТЛОН
      • Бохтар
      • Леваканд
      • Норак
      • Кӯлоб
      • Кушониён
      • Н.Хусрав
      • Балҷувон
      • Вахш
      • Қубодиён
      • Панҷ
      • Шаҳритус
      • Ёвон
      • Хуросон
      • А.Ҷомӣ
      • Дӯстӣ
      • Ҷ.Балхӣ
      • Данғара
      • Восеъ
      • Темурмалик
      • Ш.Шоҳин
      • Ҳамадонӣ
      • Муминобод
      • Фархор
      • Ховалиг
      • Ҷайҳун
    • НТМ
      • Рӯдакӣ
      • Ҳисор
      • Шаҳринав
      • Турсунзода
      • Варзоб
      • Ваҳдат
      • Файзобод
      • Роғун
      • Нуробод
      • Рашт
      • Тоҷикобод
      • Лахш
      • Сангвор

ҲХДТ:

ҶОМИ ҲХДТ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД НАСИБИ ДАСТАИ КӮЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД

 

Имрӯз дар толори Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, собиқадорони соҳаи футбол, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок намуданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи футболи хурд байни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва вазорату идораҳо барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи мазкур 8 даста, аз ҷумла дастаҳои ВМКБ, Хатлон-1, Хатлон-2, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат ва ноҳияи Рашт, ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Марҳилаи ҷумҳуриявии мусобиқа рӯзҳои 24 ва 25 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар доираи ин марҳила дастаҳо барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ ва Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳам рақобат намуданд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо дастаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рақобат намуда, пирӯз гардид ва ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Ба дастаи ноҳияи Дӯстӣ медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Дар бозии ниҳоӣ барои ҷойи якум дастаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо дастаи шаҳри Ҳисор рақобат намуда, бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид ва сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуд.

Ҳамин тариқ, дастаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷойи якум, дастаи шаҳри Ҳисор ҷойи дуюм ва дастаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.

Барои ҷойи якум дастаи шаҳри Кӯлоб бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм дастаи шаҳри Ҳисор бо 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм дастаи ноҳияи Дӯстӣ бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Ба дастаҳои ғолиб инчунин ҷом, медал ва дипломҳои дахлдор супорида шуданд.

Ҳамзамон, дар маросими ҷоизасупорӣ беҳтарин бозигарони мусобиқа, аз ҷумла беҳтарин нишонзан ва беҳтарин дарвозабон, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳои махсус қадрдонӣ гардиданд.

Мусобиқаи мазкур дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба рушди варзиши оммавӣ, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии насли ҷавон мусоидат намуд.

Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

СУРОҒА

734025, Тоҷикистон, ш.Душанбе, к. Валаматзода 6
Тел: (+992 37) 221-33-61
Email: info@hkhdt.tj | umumi@hkhdt.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ