Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Народно Демократическая Партия Таджикистана
People's democratic party of tajikistan
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти ОЛӢ
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
    • Дастгоҳи КИМ
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Робитаҳои хориҷӣ
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • Фраксияи ҲХДТ
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Минбари халқ
    • Обуна
  • Кумитаҳои
    иҷроия
    • Душанбе
      • КИШ
      • И.Сомонӣ
      • Сино
      • Фирдавсӣ
      • Шоҳмансур
    • ВМКБ
      • КИВ ВМКБ
      • Хоруғ
      • Ванҷ
      • Дарвоз
      • Ишкошим
      • Мурғоб
      • Роштқалъа
      • Рӯшон
      • Шуғнон
    • СУҒД
      • КИВ СУҒД
      • Хуҷанд
      • Гулистон
      • Бӯстон
      • Б.Ғафуров
      • Истиқлол
      • Ашт
      • Масчоҳ
      • Конибодом
      • Исфара
      • Истаравшан
      • Шаҳристон
      • Деваштич
      • Ҷ.Расулов
      • Спитамен
      • Зафаробод
      • Айнӣ
      • Кӯҳ.Масчоҳ
      • Панҷакент
    • ХАТЛОН
      • КИВ ХАТЛОН
      • Бохтар
      • Леваканд
      • Норак
      • Кӯлоб
      • Кушониён
      • Н.Хусрав
      • Балҷувон
      • Вахш
      • Қубодиён
      • Панҷ
      • Шаҳритус
      • Ёвон
      • Хуросон
      • А.Ҷомӣ
      • Дӯстӣ
      • Ҷ.Балхӣ
      • Данғара
      • Восеъ
      • Темурмалик
      • Ш.Шоҳин
      • Ҳамадонӣ
      • Муминобод
      • Фархор
      • Ховалиг
      • Ҷайҳун
    • НТМ
      • Рӯдакӣ
      • Ҳисор
      • Шаҳринав
      • Турсунзода
      • Варзоб
      • Ваҳдат
      • Файзобод
      • Роғун
      • Нуробод
      • Рашт
      • Тоҷикобод
      • Лахш
      • Сангвор

ҲХДТ:

ҲХДТ – ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ

 

 

Таҳти ҳамин унвон санаи 19 –уми августи соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ифтихори 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ” Ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҳизбиён бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ва сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Неъматзода Маликшо Маҳмадшо - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сафарзода Дилшод Ғанӣ –раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандону масъулини ҳизбӣ, вакилони шаҳриву ноҳиявӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонону иштирокчиён аз намоиши дастовардҳои ташкилотиҳои ибтидоии ҳизбӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу иҷтимоӣ, ҷавонону варзиш, занон, саноату истеҳсолот, ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои ободониву созандагӣ дидан намуданд.

Дар ин раванд, Неъматзода Маликшо Маҳмадшо - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Сафарзода Дилшод Ғанӣ –раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, қайд карданд, ки нақши Истиқлоли давлатӣ дар пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар назаррас буда, он заминагузори асосии эҳёи дубораи анъанаҳои аҷдодӣ, худшиносии миллӣ, таҳкими суботи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муҳимтар аз ҳама, нигоҳ доштани давлати миллӣ ва шакл гирифтани давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи Истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, ҷиҳати пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумўи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маљ3мўъ давлатдории миллӣ саъю талош намуда истодааст.

Дар воқеъ, таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, барои ҳар як фарди ватандору ватандӯст, хештаншиносу меҳанпараст ва ҷонибдори сулҳу оромӣ ҷашни муқаддас ва хотирмон аст.

Дар идомаи чорабинӣ, аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи рангинӣ фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

СУРОҒА

734025, Тоҷикистон, ш.Душанбе, к. Валаматзода 6
Тел: (+992 37) 221-33-61
Email: info@hkhdt.tj | umumi@hkhdt.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ