Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ҳизб, аҳли зиёи мамлакат ва ҳизбиёни пойтахт рӯнамои китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” доир гардид.
https://www.facebook.com/share/p/191XRmkwKV/
Ин китоб, ки иборат аз 360 саҳифа мебошад, тавассути Муассисаи нашриявии “Ирфон” бо таъдоди 7 ҳазор нусха нашр гардида, саҳифаҳои заррини марҳалаи фаъолияти бунёдкоронаву созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, маҷмуи маърузаву суханрониҳои Раиси ҳизбро дар анҷуманҳо ва маҷлисҳои ҳизбӣ фарогир аст.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо зимни суханронӣ зикр намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар баҳри бунёд ва устувории давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, эҳсоси ватандустӣ ва худшиносии мардумро густариш бахшидааст. Мавсуф таъкид доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон падидаи даврони Истиқлол буда, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши муассир дорад ва дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ саҳми арзанда гузошта истодааст, ки ин ҳама нодиркориҳои сиёсии миллати тоҷик бо номи фарзанди баруманд миллат, Президенти маҳбубу мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.
Аз мутолиаи ин китоб мо шоҳиди бевоситаи роҳи пешрафти Тоҷикистон дар даврони Истиқлол мегардем.
Ин роҳ роҳи талошу заҳматҳо баҳри таҳкими сулҳу ваҳдат пешрафту тараққӣ ва фазои мусоиди зиндагии шоиста барои мардуми Тоҷикистон аст.
Дар ин давра Тоҷикистон маъракаҳои муҳими сиёсӣ раъйпурсии умумихалқӣ, интихобтҳои Президентӣ, интихоботҳои Парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои деҳотро баргузор намуд, ки дар ҳама ин маъракаҳои сиёсӣ ҲХДТ иштирокчии фаъол ва ҳизби пешсаф буд.
Ҳамзамон, аҳли зиё зимни андешарониҳо иброз доштанд, ки муҳтавои китоб собитгари он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби зодаи Истиқлол дар ҳам руйдоду падидаҳои фараҳбахши замони соҳибихтиёрии кишвар нақши муассир ва мондагор дорад. Мазмуну ғояҳои ин китоб роҳи минбаъдаи фаъолияти ҳизбро низ барои давраҳои минбаъда мушаххас менамояд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки ҳизби мо барои пешрафти бомароми мамлакат бо ҳадафи муҳаё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ дар партави ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат фаъолияти пурсамар роҳандозӣ намуда, ҷиҳати рушду пешрафти ин Ватан пайваста талош менамояд.