ҶОМӢ, 25 июл. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамроҳ бо муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия шинос шуданд.
Зимни боздид ба масъулон ва сохтмончиён оид ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъморӣ ва муҳандисӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва сари вақт анҷом додани корҳои боқимонда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои мазкур бо дастгирии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2026 оғоз гардида, бо суръати хуб идома дорад. Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад.
Тибқи лоиҳа, бино аз се ошёна иборат буда, дорои ҳашт утоқи корӣ ва як толори маҷлис мебошад. Барои сохтмони иншоот 2 миллиону 855 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюм идома дошта, сохтмончиён талош доранд корҳои пешбинишударо мутобиқ ба нақша ва бо сифати баланд анҷом диҳанд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин бинои маъмурӣ барои беҳтар гардидани шароити фаъолияти кормандони ҳизбӣ, қабули шаҳрвандон ва баргузории чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ мусоидат намуда, дар таҳкими фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар ноҳия нақши муҳим хоҳад гузошт.
Роҳбарият аз рафти корҳои иҷрошаванда изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳар як иншооти ҷашнӣ бояд бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шавад, зеро онҳо барои рушди инфрасохтори ноҳия ва фароҳам овардани шароити беҳтари хизматрасонӣ ба аҳолӣ аҳамияти калон доранд.
Тибқи нақша, бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ то таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мавриди истифода қарор дода мешавад