Дар Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 105-солаги Ҳизби Коммунисти Чин ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни суханронии худ Маликшо Неъматзода таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои байниҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунисти Чин дар солҳои охир пайваста густариш ёфта, ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки рушди ҳамкориҳои байниҳизбӣ барои таҳкими муколамаи сиёсӣ, табодули таҷриба ва густариши робитаҳои судманд байни ду кишвар аҳамияти муҳим дошта, ба манфиати халқҳои ҳарду давлат хизмат мекунад.
Маликшо Неъматзода ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун номаи табрикотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба унвонии Ҳизби Комунистии Чин ба муносибати 105 солагии таъсисёбии ин ҳизб супорид