Имрӯз дар Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» маҳфили навбатии ҳизбии ҷавонон таҳти унвони «Рисолати мо – Ватансозист» дар доираи Ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, директори Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» Назира Амирбекзода ва аъзои маҳфили ҳизбӣ иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо оид ба ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, ибрози андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки қабули ин ташаббус аз эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ва нақши созандаи он дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун асоси муҳимтарини давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа меҳисобанд. Бо ташаббусҳои пайвастаи байналмилалии худ Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва пешбарандаи иқдомҳои созанда дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Ҳамзамон, иштирокдорон ҷавононро ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пос доштани сулҳу ваҳдати миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди босуботи Ватани азиз даъват намуданд.
Дар фарҷоми маҳфил таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд бо дониш, маърифати баланд ва масъулияти шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳми арзандаи худро гузоранд ва дар ҳифзу таҳкими сулҳу субот ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир дошта бошанд.