Мулоқоти корӣ дар шаҳри Брест
Имрӯз дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Белорус дар доираи Конфронси байналмилалии байниҳизбӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Раиси ҳизби «Белая Рус»-и Белорусия хонум Олга Чемоданова мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Зимни мулоқот аз ҷараёни ҳамкориҳои байниҳизбӣ миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳизби «Белая Рус» изҳори қаноатмандӣ баён гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати имзои Меморандуми ҳамкорӣ иброз дошта, густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, Маликшо Неъматзода аз хонум Олга Чемоданова барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
https://www.facebook.com/share/p/1bV7qA6nW5/