АРҶГУЗОРӢ БА ПАДАРОНИ ҚАҲРАМОН
Имрӯз дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Белорус дар доираи Конфронси байналмилалии байниҳизбӣ маросими гулгузорӣ дар Қалъаи қаҳрамони Брест баргузор гардид.
Дар маросими гулгузорӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Бахтовар Сафарзода ва Саидбек Мирзомуддинов роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор рисолати қадршиносии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳми муносиб мегузорад.
https://www.facebook.com/share/p/1AwnC6sq6b/