Боздиди корӣ дар шаҳри Минск
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Белорус муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус боздид намуда, бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Бахтовар Сафарзода мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар рафти суҳбат қайд гвардид, ки муносибатҳои неку бародаронаи Тоҷикистону Белорус дар сатҳи баланд қарор дорад.
Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки ҳамкориҳои байниҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Белая Рус вусъат ёфта, ҷонибҳо омодагии хешро барои имзои Меморандуми ҳамкорӣ баён доштаанд.
https://www.facebook.com/share/p/1E1QRe6saF/