Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Народно Демократическая Партия Таджикистана
People's democratic party of tajikistan
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти ОЛӢ
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
    • Дастгоҳи КИМ
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Робитаҳои хориҷӣ
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • Фраксияи ҲХДТ
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Минбари халқ
    • Обуна
  • Кумитаҳои
    иҷроия
    • Душанбе
      • КИШ
      • И.Сомонӣ
      • Сино
      • Фирдавсӣ
      • Шоҳмансур
    • ВМКБ
      • КИВ ВМКБ
      • Хоруғ
      • Ванҷ
      • Дарвоз
      • Ишкошим
      • Мурғоб
      • Роштқалъа
      • Рӯшон
      • Шуғнон
    • СУҒД
      • КИВ СУҒД
      • Хуҷанд
      • Гулистон
      • Бӯстон
      • Б.Ғафуров
      • Истиқлол
      • Ашт
      • Масчоҳ
      • Конибодом
      • Исфара
      • Истаравшан
      • Шаҳристон
      • Деваштич
      • Ҷ.Расулов
      • Спитамен
      • Зафаробод
      • Айнӣ
      • Кӯҳ.Масчоҳ
      • Панҷакент
    • ХАТЛОН
      • КИВ ХАТЛОН
      • Бохтар
      • Леваканд
      • Норак
      • Кӯлоб
      • Кушониён
      • Н.Хусрав
      • Балҷувон
      • Вахш
      • Қубодиён
      • Панҷ
      • Шаҳритус
      • Ёвон
      • Хуросон
      • А.Ҷомӣ
      • Дӯстӣ
      • Ҷ.Балхӣ
      • Данғара
      • Восеъ
      • Темурмалик
      • Ш.Шоҳин
      • Ҳамадонӣ
      • Муминобод
      • Фархор
      • Ховалиг
      • Ҷайҳун
    • НТМ
      • Рӯдакӣ
      • Ҳисор
      • Шаҳринав
      • Турсунзода
      • Варзоб
      • Ваҳдат
      • Файзобод
      • Роғун
      • Нуробод
      • Рашт
      • Тоҷикобод
      • Лахш
      • Сангвор

ҲХДТ:

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 

Имрӯз 29 – уми апрели соли 2026 тибқи нақшаи тасдиқгарида ҷиҳати даъвати мардум ба таҳкими корҳои ободониву созандагӣ ва тарғиби худшиносиву худогоҳии миллӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, якҷо бо сокинон вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дар сатҳи маҳал вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Неъматзода Маликшо Маҳмадшо - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сафарзода Дилшод Ғанӣ - раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Низом Қосим - раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Афзалов Ғайбулло - раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шодиён Исматулло Раҳматуллозод - котиб-ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, вакилони шаҳриву ноҳиявӣ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, фаъолони касбу кори гуногуни ноҳия, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва сархатибони масҷидҳои ноҳия иштирок доштанд.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ба парлумони кишвар иброз намуданд: «Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд.

Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба як кори маъмулӣ табдил ёбад»

Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди кишварамон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.

Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем.

Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошанд.

Дар ин раванд, аз мардум даъват ба амал оварда шуд, ки мову шумо бояд дар ҳамкориву муттаҳидӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, саҳмгузорӣ дар ҷашни умумимиллӣ, 35 - солагии Истиќлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбон, шаҳраку маҳалла, боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ камари ҳиммат бандем ва ҳамин масъулияте, ки ҳамчун сокини пойтахт дорем, сарбаландона иҷро намоем.

Дар охир як қатор ғолибони даври ноҳиявии озмунҳо ва фаъолони касбу кори гуногуни ноҳияи Фирдавсӣ бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

СУРОҒА

734025, Тоҷикистон, ш.Душанбе, к. Валаматзода 6
Тел: (+992 37) 221-33-61
Email: info@hkhdt.tj | umumi@hkhdt.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ