Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар вилояти Футзян Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо вазири таблиғоти он Ҷан Ян мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои байни ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин, инчунин рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавӣ миёни вилоятҳои ҳарду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор гардид.