Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Народно Демократическая Партия Таджикистана
People's democratic party of tajikistan
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти ОЛӢ
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
    • Дастгоҳи КИМ
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Робитаҳои хориҷӣ
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • Фраксияи ҲХДТ
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Минбари халқ
    • Обуна
  • Кумитаҳои
    иҷроия
    • Душанбе
      • КИШ
      • И.Сомонӣ
      • Сино
      • Фирдавсӣ
      • Шоҳмансур
    • ВМКБ
      • КИВ ВМКБ
      • Хоруғ
      • Ванҷ
      • Дарвоз
      • Ишкошим
      • Мурғоб
      • Роштқалъа
      • Рӯшон
      • Шуғнон
    • СУҒД
      • КИВ СУҒД
      • Хуҷанд
      • Гулистон
      • Бӯстон
      • Б.Ғафуров
      • Истиқлол
      • Ашт
      • Масчоҳ
      • Конибодом
      • Исфара
      • Истаравшан
      • Шаҳристон
      • Деваштич
      • Ҷ.Расулов
      • Спитамен
      • Зафаробод
      • Айнӣ
      • Кӯҳ.Масчоҳ
      • Панҷакент
    • ХАТЛОН
      • КИВ ХАТЛОН
      • Бохтар
      • Леваканд
      • Норак
      • Кӯлоб
      • Кушониён
      • Н.Хусрав
      • Балҷувон
      • Вахш
      • Қубодиён
      • Панҷ
      • Шаҳритус
      • Ёвон
      • Хуросон
      • А.Ҷомӣ
      • Дӯстӣ
      • Ҷ.Балхӣ
      • Данғара
      • Восеъ
      • Темурмалик
      • Ш.Шоҳин
      • Ҳамадонӣ
      • Муминобод
      • Фархор
      • Ховалиг
      • Ҷайҳун
    • НТМ
      • Рӯдакӣ
      • Ҳисор
      • Шаҳринав
      • Турсунзода
      • Варзоб
      • Ваҳдат
      • Файзобод
      • Роғун
      • Нуробод
      • Рашт
      • Тоҷикобод
      • Лахш
      • Сангвор

ҲХДТ:

ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

БАРТАРАФСОЗИИ КАМБИЗОАТӢ 

Бо баргузории чорабинии омӯзишӣ дар ин бобат миёни масъулини ҲХДТ ва ҲКЧ табодули афкору таҷриба сурат гирифт

 

  18 апрели соли равон дар доираи сафари кории ҳайати ҲХДТ бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ноҳияи мухтори Нинся - Хуэй семинари омузишӣ доир гардид. 

  Мавзуи ҳамоиши мазкур бартарафсозии камбизоатӣ маҳсуб шуда, дар он муовини котиби Кумитаи Ҳизби Комунисти ноҳияи мухтори зикршуда ҷаноби Чжуан Янь, муовини сардори Котиботи Кумитаи Ҳизби Комунисти ин ноҳияи мухтор Чжао Бо, директори генералии Канселярия оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Бай Юйчжень, ноиби якуми ректори Мактаби олии ҳизбӣ Хао Тун ва дигар масъулин ширкат варзиданд. 

  Семинарро муовини котиби Кумитаи Ҳизби Комунисти ноҳия Чжуан Янь ифтитоҳ намуда, ин иқдомро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд. Дар идома аз сатҳи хубу сифати баланди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ёдовар шуда, ба тадбирандешиҳои кишвари бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри паст намудани сатҳи камбизоатӣ баҳои баланд дод. Таъкид шуд, ки масъалаи мазкур дар шароити кунунӣ аҳамияти рӯзафзун касб карда, чораандешии иловагиро тақозо дорад. 

- Баргузории семинари мазкур метавонад ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшад,- гуфт Чжуан Янь. 

   Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода раванди давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозгӯӣ намуда, аз 83 фоиз то 19 фоиз коҳиш ёфтани камбизоатиро ҷузъе аз ин раванд ва дастоварди камназиру арзандаи ситоиш номид. 

- Раиятпарварӣ яке аз ҳазор фазли Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, ба шарофати ин хислати ҳамида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон касе худро бекас ҳис намекунад. Дастгирии доимии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, ҷудо намудани 75 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ, ки ҳоло бо номи заминҳои Президентӣ маъруфанд, муқаррар намудани кумакпулиҳои унвонӣ, дастрас кардани грантҳои Президентӣ аз ҷамъи дастгириҳои Пешвои миллат ба қишри ниёзманд “қатрае аз баҳр” маҳсуб мешаванд,- афзуд Маликшо Неъматзода.  

  Таъкид шуд, ки бо баргузории ин чорабинӣ мо аз якдигар меомӯзем. Бо истифода аз фурсат муовини якуми Раиси ҲХДТ аз масъулини ноҳияи мухтори Нинсия - Хуэй даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон ташриф оранд.

   Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода вобаста ба масъалаи мавриди баррасӣ маърӯза намуд, ки фарогири тамоми ҷанбаҳои марбут ба бартарафсозии камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 

   Лектори семинар, ноиби ректори Мактаби олии ҳизбии ноҳияи мухтори Нинсия - Хуэй хонум Ван Цюнь бо маърӯзаи пурмуҳтавои хеш огоҳии комил доштанашро аз пешрафти кишвари мо ва дурнамои он ба маъраз гузошт. Аз ин лиҳоз муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода ӯро тавассути ҳизб барои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон даъват намуд.

Дар маҷмуъ, чорабинии мазкур муҳиму муфид буда, барои омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ва дар ҳамгироӣ бо сохторҳои дахлдор ҷорӣ намудан дар соҳаҳои дахлдор такон мебахшад.

Сафари ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад…

Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

СУРОҒА

734025, Тоҷикистон, ш.Душанбе, к. Валаматзода 6
Тел: (+992 37) 221-33-61
Email: info@hkhdt.tj | umumi@hkhdt.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ