Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Народно Демократическая Партия Таджикистана
People's democratic party of tajikistan
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти ОЛӢ
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
    • Дастгоҳи КИМ
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Робитаҳои хориҷӣ
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • Фраксияи ҲХДТ
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Минбари халқ
    • Обуна
  • Кумитаҳои
    иҷроия
    • Душанбе
      • КИШ
      • И.Сомонӣ
      • Сино
      • Фирдавсӣ
      • Шоҳмансур
    • ВМКБ
      • КИВ ВМКБ
      • Хоруғ
      • Ванҷ
      • Дарвоз
      • Ишкошим
      • Мурғоб
      • Роштқалъа
      • Рӯшон
      • Шуғнон
    • СУҒД
      • КИВ СУҒД
      • Хуҷанд
      • Гулистон
      • Бӯстон
      • Б.Ғафуров
      • Истиқлол
      • Ашт
      • Масчоҳ
      • Конибодом
      • Исфара
      • Истаравшан
      • Шаҳристон
      • Деваштич
      • Ҷ.Расулов
      • Спитамен
      • Зафаробод
      • Айнӣ
      • Кӯҳ.Масчоҳ
      • Панҷакент
    • ХАТЛОН
      • КИВ ХАТЛОН
      • Бохтар
      • Леваканд
      • Норак
      • Кӯлоб
      • Кушониён
      • Н.Хусрав
      • Балҷувон
      • Вахш
      • Қубодиён
      • Панҷ
      • Шаҳритус
      • Ёвон
      • Хуросон
      • А.Ҷомӣ
      • Дӯстӣ
      • Ҷ.Балхӣ
      • Данғара
      • Восеъ
      • Темурмалик
      • Ш.Шоҳин
      • Ҳамадонӣ
      • Муминобод
      • Фархор
      • Ховалиг
      • Ҷайҳун
    • НТМ
      • Рӯдакӣ
      • Ҳисор
      • Шаҳринав
      • Турсунзода
      • Варзоб
      • Ваҳдат
      • Файзобод
      • Роғун
      • Нуробод
      • Рашт
      • Тоҷикобод
      • Лахш
      • Сангвор

ҲХДТ:

КУРСИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ МАСЪУЛИНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТҲО ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ ЗЕРИ УНВОНИ «ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ»

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассус, савияи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кормандони ҳизбӣ, инчунин мушаххас намудани самтҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳилаи имрӯза, аз 12 то 18 апрели соли ҷорӣ курси бозомӯзӣ барои мудирони бахши ҷавонону занони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи курси омӯзишӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сафарзода Анвар, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов иштирок намуда, суханронӣ карданд.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ миёни ҷавонон ва занон аҳаммияти бузург дорад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, нақши ҷавонон ва занон дар ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ, пойдории сулҳу субот ва таъмини рушди устувори ҷомеа ниҳоят муҳим мебошад.

Ҳадафи асосии баргузории курси омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии мудирони бахши ҷавонону занон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, рушди малакаҳои роҳбарӣ ва ташаббускорӣ, инчунин ҷалби фаъоли ҷавонон ва занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ мебошад.

Дар баробари ин, курси омӯзишӣ ба густариши ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат, ватандӯст ва содиқ ба арзишҳои миллӣ равона гардидааст.

Дар анҷоми курси омӯзишӣ иштирокчиён доир ба мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи донишҳои андӯхта дар фаъолияти минбаъда иброз доштанд.

Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

СУРОҒА

734025, Тоҷикистон, ш.Душанбе, к. Валаматзода 6
Тел: (+992 37) 221-33-61
Email: info@hkhdt.tj | umumi@hkhdt.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ