Имрӯз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун мулоқот анҷом доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байниҳизбӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки идомаи чунин мулоқотҳо ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои судманд мусоидат менамояд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт