-
Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон - «Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар соли 2021 ва нақшаҳо барои соли 2022» ба инобат гирифта шавад;
-
Гузориши Ализода А.- раиси Шўрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад;
-
Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (дар замима). Раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва раисону котибони (шахсони масъули) ташкилотҳои ибтидоӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мазкур фаъолиятро ба роҳ монанд;
-
Аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва гурўҳҳои вакилии ҲХДТ дар маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба тарғиб ва амалисозии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат намоянд;
-
Вализода Абдуқодир, Давлатзода Зарина, Шарбатулло Азизулло, Аминзода Фотеҳ, Раҳматзода Рустам, Саидзода Нурмуҳммад, Ҷалилзода Шералӣ, Ғафорзода Давлатҷон, Ҳалилзода Сафар бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон ва ё аз ҳудуди вилояти Хатлон берун иқомат доштанашон аз ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бароварда шаванд;
-
Ҳасанзода Шералӣ, Файзиддинзода Бунафша, Шарифзода Ҷамшед, Назирӣ Зариф, Сафарзода Бахтиёр, Мирзоев Сайдалӣ, Сайдмуминзода Аббос, Асадуллозода Ватан ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дохил карда шаванд;
-
Давлатзода Зарина бинобар сабаби аз ҳудуди вилояти Хатлон берун иқомат доштанаш аз ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бароварда шавад;
-
Файзиддинзода Бунафша, Мирзоев Сайдалӣ ба ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дохил карда шаванд;
-
Баромадҳои Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон ва Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба инобат гирифта шаванд;
-
Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати дастури амал қарор додани эроду дастурҳо чораҳои заруриро амалӣ намоянд;
-
Самти фаъолиятро такмил (тағйир) дода, ҳайати аъзои ҳизбро ҳарчи бештар аз ҳисоби коргарони беруниидоравӣ (аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хурд, савдогарони бозорҳо ва ғайра) ҷалб намуда, корро дар ин самт тақвият бахшанд;
-
Ҷиҳати боз ҳам фаъол гардонида саривақтии нақшаи гузошташуда (оид ба аъзокунӣ ба сафи ҳизб), аз ҷумла бо фарогирии шуғлмандони (коргарони) беруниидоравӣ корро ҷоннок намоянд;
-
Утоқҳои кории ташкилотҳои ибтидоиро ташкил намуда, ҳуҷҷатгузории дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба танзим дароварда шавад;
-
Дар асоси «Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ» фаъолиятро ҷоннок намуда, раисони ташкилотҳо аз ҳисоби шахсони ҷавон ва босалоҳият интихоб намоянд;
-
Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор фаъолияти идеологӣ дар самти танзими оила, анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва дастгирии иҷтимоии ниёзмандон тақвият бахшанд;
-
Барои ташаккули гурӯҳҳои волонтёрӣ, соҳа ба соҳа, ҳавасмандгардонӣ ва таъмини фаъолияти пурсамари волонтёрон шароитҳои зарурӣ фароҳам оранд;
-
Барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, тариқи ҷалб ва сафарбар намудани кумакҳои хайрхоҳонаи шахсони саховатпеша фаъолнокӣ нишон диҳанд;
-
Дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти бозорҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва дигар масъулон ҷиҳати фарогирии доираи васеи шаҳрвандон бо нашрияҳои даврӣ ҳаматарафа муосидат намоянд;
-
Ҷиҳати татбиқи аксияҳои ҳизбӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аз ҷумла дар маҳаллаву деҳот ба сохтмони биноҳои марказҳои ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо утоқи кории раиси кумитаи маҳалла ва азнавсозии иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ чораҳои зарарӣ андешанд;
-
Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ҷиҳати эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд;
-
Корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро байни сокинон ба хусус миёни ҷавонони сини даъватӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзур намоянд;
-
Ҷиҳати пешгирӣ намудани шаҳрвандон аз гурӯҳҳои ифротӣ, иғвоангез ва гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои мамнуъ ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷоннок намуда, тадбирҳои зарурӣ андешанд;
-
Корҳои таблиғотиро ҷиҳати пешгирии шаҳрвандон аз COVID-19 бемории сироятии коронавирус ба роҳ монанд;
-
Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Н.Хусрав, Хуросон, Норак, Дӯстӣ ва Шаҳритус вазифадор мегарданд, ки ҷиҳати андешидани чораҳои таъхирнопазирро ҷиҳати зиёд намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба ҷинояткорӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон корро ҷиддӣ ба роҳ монанд;
-
Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои камфаъолро зарур мегардад, ки барои ба зинаҳо боло баромадан дар рейтинги ҳизбӣ талош варзида, дар амалисозии саривақтии нишондиҳандаҳои Нақшаи корӣ-2022, аз ҷумла ташаббусҳои ҳизбӣ фаъолнокӣ нишон дода татбирҳо зарурӣ андешанд;
-
Раисони кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор мегарданд, ки барои зиёд кардани сафи аъзои ҳизби аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ робитаро бо ташкилотҳои ибтидоӣ мустаҳкам намоянд;
-
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сарпарастони ҳизбӣ гузошта шавад.