Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ аз ҷумла Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Боҳваддин ва ҷиҳати самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлгӣ ва ду се ҳосил аз он гирифтан, ҳадди ақал захираи 2-солаи хӯрокаро доштан корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд. Бояд қайд намуд, ки захира намудани молу маҳсулотҳои консервашуда яке аз шуғлҳои доимии сокинои ноҳияи Темурмалик маҳсуб меёбад. Дар ин росто занону бонувони ноҳияи Темурмалик дар фасли гармо, аз маҳсулотҳои сабзавотию меваҷот навъҳои гуногуни хӯришҳо, шарбатҳо ва маҳсулотҳои консервагӣ омода намуда, барои зимистонгузаронӣ захира менамоянд, то ин, ки аҳли оилаи худро бо чунин маҳсулотҳо таъмин карда тавонанд.
Истиқоматкунандагони барои тирамоҳу зимистон намудҳои гуногуни захиракунии хӯроквориро идома дода, баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳмгузорӣ менамоянд. Онҳо бо истифода аз маҳсулоти кишоварзие, ки бештар дастранҷи заминҳои наздиҳавлигии худашон мебошад, консерваҳои гуногун омода сохта истодаанд.