Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумдурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардида истодааст.
Аксияи мазкур дар ноҳияи Темурмалик низ бо як ҳисси баланди меҳанпарастӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши Истиқлол дар ташаккули аркони давлатдории навини тоҷикон, арҷгузорӣ ба хизматҳои бузургу таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром ҷараён дорад.
Қобили қайд аст, ки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аксияи ҷумҳуриявии «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Оби Ширин Ҷамоати деҳоти Кангурт баргузор намудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки татбиқи муваффақонаи тарҳи сулҳи асосгузоштаи Пешвои миллати тоҷик, ки кафили осоиштагиву субот дар Тоҷикистон ва зуҳури пешрафтҳои навин гардид, омил шуд, ки маҳз аз иродаи мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикон ин андешаи созанда сарчашма гирад.
Ҳамин тавр, фарҳанги сулҳофаринӣ ва талошу пайкорҳои Пешвои муаззами миллат дар эҷоди сулҳу таъмини ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон барои оғози марҳилаи нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатӣ роҳ кушод ва кишвари моро дар кӯтоҳтарин фурсат ба давлати соҳиби иқтидорҳои муҳим табдил дода, рӯзгори мардумро саршори шодиву нишот гардонид.