Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №4” – и ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон, ҷалби онҳо барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон вохурии судманд баргузор гардид.
Инчунин дар вохӯрӣ Шукурова Зикаморо раиси нави ташкилоти ибтидоии номбурда интихоб намудаанд.