Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Народно Демократическая Партия Таджикистана
People's democratic party of tajikistan
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти ОЛӢ
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
    • Дастгоҳи КИМ
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Робитаҳои хориҷӣ
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • Фраксияи ҲХДТ
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Минбари халқ
    • Обуна
  • Кумитаҳои
    иҷроия
    • Душанбе
      • КИШ
      • И.Сомонӣ
      • Сино
      • Фирдавсӣ
      • Шоҳмансур
    • ВМКБ
      • КИВ ВМКБ
      • Хоруғ
      • Ванҷ
      • Дарвоз
      • Ишкошим
      • Мурғоб
      • Роштқалъа
      • Рӯшон
      • Шуғнон
    • СУҒД
      • КИВ СУҒД
      • Хуҷанд
      • Гулистон
      • Бӯстон
      • Б.Ғафуров
      • Истиқлол
      • Ашт
      • Масчоҳ
      • Конибодом
      • Исфара
      • Истаравшан
      • Шаҳристон
      • Деваштич
      • Ҷ.Расулов
      • Спитамен
      • Зафаробод
      • Айнӣ
      • Кӯҳ.Масчоҳ
      • Панҷакент
    • ХАТЛОН
      • КИВ ХАТЛОН
      • Бохтар
      • Леваканд
      • Норак
      • Кӯлоб
      • Кушониён
      • Н.Хусрав
      • Балҷувон
      • Вахш
      • Қубодиён
      • Панҷ
      • Шаҳритус
      • Ёвон
      • Хуросон
      • А.Ҷомӣ
      • Дӯстӣ
      • Ҷ.Балхӣ
      • Данғара
      • Восеъ
      • Темурмалик
      • Ш.Шоҳин
      • Ҳамадонӣ
      • Муминобод
      • Фархор
      • Ховалиг
      • Ҷайҳун
    • НТМ
      • Рӯдакӣ
      • Ҳисор
      • Шаҳринав
      • Турсунзода
      • Варзоб
      • Ваҳдат
      • Файзобод
      • Роғун
      • Нуробод
      • Рашт
      • Тоҷикобод
      • Лахш
      • Сангвор

Саволу ҷавоб

  Узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ, ҷои кор ё макони истиқомат ба қайди ҳизбӣ гирифта мешавад.

  Қабул, қатъ ва боздоштани узвияти ҳизб дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо дастгирии аксарият сурат гирифта, баъди тасдиқи қарори ташкилоти ибтидоӣ аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад.

  Тибқи банди 2.5 Оинномаи ҳизб фаъолияти ташкилии ҳизб чунин ба амал бароварда мешавад: - умумияти ғоявӣ ва рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиатҳои ҳизб ва ҳар як узви он, интизоми бошуурона, баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳамаи аъзои ҳизб; - эҳтиром ба ақидаи ҳар як узви ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоӣ, озодбаёнӣ дар фаъолият; - интихобӣ будани ҳамаи мақомоти роҳбарии ҳизб аз поён то боло; - ҳисоботи мунтазами мақомоти ҳизбӣ; интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани иҷрои қарорҳои мақомоти болоӣ барои мақомоти поёнӣ; - идоракунӣ ва роҳбарии дастҷамъии ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар як узви ҳизб барои иҷрои вазифаҳои худ ва супоришҳои ҳизбӣ.

  Мавриди дархосту пешниҳодҳо ва ё саволҳои иловагӣ метавонед тариқи саҳифаи мазкур ва ё почтаи электронии - info@hkhdtkhatlon.tj - муроҷиат намоед.

  Бале, аъзои ҳизб ва ё дигар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар дохил ва ё берун аз кишвар зиндагӣ мекунад, метавонад тариқи барномаи "Кумакҳои молиявӣ"-и сомонаи мазкур барои дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва ё дигар ҳадафҳои барномавӣ кумак молиявию моддӣ расонанд

  Шаҳрвандоне, ки узвияти онҳо дар ҳизб мутобиқи банди 3.6. Оинномаи ҳизб қатъ гардидааст, аз нав ба сафи ҳизб қабул карда намешаванд

  Тибқи банди 3.6. Оиннома барои вайрон кардани интизоми ҳизбӣ ва меъёрҳои аҳлоқи ҷамъиятӣ, нисбати узви ҳизб чораҳои тарбиявии ҳизбӣ андешида шуда, ба ӯ огоҳӣ ё танбеҳ эълон карда, ба маълумоти мақомоти болоии ҳизбӣ расонида мешавад. Узви ҳизб барои номувофиқ будани рафтору кирдораш ба талаботи Оиннома бо тарафдории аз нисф зиёди аъзои ташкилоти ибтидоии алоқаманд ва бо қарори кумитаи иҷроияи ҳизбӣ аз сафи ҳизб хориҷ карда мешавад.

  Узвият дар ҳизб дар сурати гузаштан ба фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ ва ё берун шудан аз ҳудуди кишвар (муҳоҷирати меҳнатӣ) боздошта мешавад

  Тибқи банди 3.10 Оиннома узвият дар ҳизб дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад: - дар сурати ҷазои судӣ гирифтан; - қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - бо хоҳиши худ баромадан аз сафи ҳизб; - аъзо шудан ба дигар ҳизби сиёсӣ; - дар ҳолати фавт; - дар ҳолати вайрон кардани талаботи Оинномаи ҳизб; - дар ҳолати бо қарори суд ғайри қобили амал эътироф гардидан

  Ҳаққи узвият ба ташкилоти ибтидоие, ки узви ҳизб дар қайди он гузошта шудааст, супорида мешавад, зимнан ин маблағ (пурра) тибқи тартиб ба суратҳисоби кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ/шаҳри гузаронида мешавад.

  Ҳаққи узвият 1% аз музди меҳнат (маош) ва даромади умумии моҳона муқаррар гардидааст.

  Тибқи банди 3.9. Оиннома узви ҳизб вазифадор аст: - Оиннома ва Барномаи ҳизбро риоя намояд; - дар қайди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бошад ва дар кори он фаъолона ширкат варзад; - ҷиҳати амалӣ гаштани сиёсати ҳамаҷонибаи ҳизб фаъолона иштирок карда, қарорҳои ҳизбро бечунучаро дар ҳаёт татбиқ намояд, барои расидан ба ҳадафҳои барномавӣ, баланд шудани обрӯ, сатҳу манзалат ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мубориза барад; - дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносӣ намуна бошад; - бо тартиби муқаррарнамудаи Низомнома «Дар бораи фаъолияти молиявии ҲХДТ» аз даромади умумии моҳонааш як фоиз ҳаққи узвият супорад.

  Тибқи банди 3.8. Оиннома узви ҳизб ҳуқуқ дорад: - ба ҳамаи мақомоти ҳизб интихоб шавад ва интихоб кунад; - дар бораи фаъолияти ҳизб маълумоти пурра ба даст оварад; - дар чорабиниҳое, ки ҳизб мегузаронад, ширкат варзад, мавқеи худашро муайян кунад, масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳизб, инчунин ҳаёти дохили ҳизбиро муҳокима намояд, дар таҳия ва амалӣ кардани қарорҳои ҳизб ширкат варзад; - дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва таҳқири шаъну эътибораш аз пуштибонии сиёсии мақомоти ҳизбӣ истифода намояд, аз як ташкилоти ибтидоии ҳизб ба дигараш гузарад; - аз тарафи ҳизб барои интихоб шудан дар мақомоти намояндагии ҳокимият пешниҳод намояд ва пешниҳод шавад; - дар кори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳо, ки мақсад ва фаъолияташон ба ҳадафҳои барномавии ҳизб мухолифат надоранд, иштирок намояд

  Тибқи Оиннома аъзои ҳизб шахсест, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва талаботи оинномаи ҳизб ба аъзогӣ ба ҳизб қабул гардида, соҳиби шаҳодатномаи дахлдор (аъзогӣ) мебошад. Бинобар он ки аъзои ҳизб аслан дар ташкилоти ибтидоӣ ба қайд гирифта (қабул карда) мешавад, аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар ҳудуди муайян ҳамзамон аъзои ҳизб дониста мешавад. Аъзои ташкилоти ибтидоӣ вазифадор аст, ки дар маҷлисҳои ташкилот иштирок намуда, дастурҳои раиси ташкилотро иҷро намояд.

  Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 солагӣ расидааст, Барнома ва Оинномаи ҳизбро эътироф менамояд, узви ҳизб шуда метавонад.

  Узвият ба ҳизби сиёсӣ нишони садоқат ба Ватан ва давлат буда, ба шаҳрванд мақоми сиёсӣ дода, ба ӯ ҷиҳати иштирок ва саҳмгузории бевосита дар идоракунии муносибатҳои сиёсӣ (давлатӣ) имконият фароҳам меорад. Узвият ба ҳизби сиёсӣ, ин ифодаи шахсият буда, барои ишғоли мавқеи хосса дар ҷамъият мусоидат менамояд. Узвият ба ҲХДТ боиси ифтихор аст - роҳбари ҳизб наҷотбахши миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳизб поягузори сиёсии Тоҷикистон буда, бо ҳадафҳои созандаи хеш кишварро шинохтаи ҷаҳон гардонида, сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолиро беҳ гардонид.

  Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои ҲХДТ дар ҳудуди маъмурӣ (дар сатҳи маҳал) масъул мебошанд

  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои ҲХДТ дар ҳудуди вилояти Хатлон масъул мебошад

  Ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум мебошад.

  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд

Суоли Шумо


Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

СУРОҒА

734025, Тоҷикистон, ш.Душанбе, к. Валаматзода 6
Тел: (+992 37) 221-33-61
Email: info@hkhdt.tj | umumi@hkhdt.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ