Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Қубодиён
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти Кумита
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Ҳамрози халқ
    • Обуна
  • Аъзои
    ҲХДТ
    • Ҳаракат
    • Ариза
  • Ташаббусҳои
    ҳизбӣ
  • Рейтинги
    ҳизбӣ
  • Созандагони
    Ватан
  • ҲХДТ

ОИННОМАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

 

ОИННОМАИ

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ

ТОҶИКИСТОН 

 Оиннома дар Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 18-уми декабри соли 2024-ум қабул гардид

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

      1. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (минбаъд – Ҳизб) ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии кишвар ҷиҳати таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва ташаккули тафаккури миллӣ фаъолият менамояд.

      2. Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба фарҳанги баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат, ташаббус ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлоли сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ сафарбар менамояд.

      3. Ҳизб дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин оиннома ва барномаи худ фаъолият мекунад.

      4. Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, расму оин ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатгароӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), терроризмро қатъиян маҳкум намуда, тақкими ҳуввияти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияти худ мешуморад.

      5. Ҳизб ҳуқуқу манфиатҳои аъзои худро дар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳимоя мекунад.

 БОБИ 2. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА УСУЛҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБ

      6. Ҳизб барои иттиҳоди нерӯҳои солими ҷомеа бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисодӣ дар заминаи инкишофи шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.

      7. Ҳизб бо ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавияшон бо фаъолияти Ҳизб мухолиф нест, баҳри тараққиёт ва инкишофи минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

      8. Ҳизб метавонад дар ташаккули ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ: қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ширкат намояд. Ҳизб мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ намуда, фраксияи худро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилиро дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ таъсис диҳад.

      9.  Фаъолияти ташкилии Ҳизб дар асоси усулҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- умумияти ғоявӣ ва рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиатҳои Ҳизб ва ҳар як узви он, интизоми намунавӣ, баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳамаи аъзои Ҳизб;

- эҳтиром ба ақидаи ҳар як узви Ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоӣ, озодбаёнӣ дар фаъолият;

- интихобӣ будани ҳамаи мақомоти роҳбарии Ҳизб аз поён то боло;

- ҳисоботи мунтазами мақомоти поёнӣ дар назди мақомоти болоии Ҳизб;

- интизоми ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани иҷрои қарорҳои мақомоти болоӣ барои мақомоти поёнӣ;

- идоракунӣ ва роҳбарии дастҷамъонаи ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар як узви Ҳизб барои иҷрои вазифаю уҳдадорӣ ва супоришҳои ҳизбӣ.

      10. Ҳизб дорои парчам ва нишон мебошад, ки дар Анҷумани Ҳизб қабул мегардад, ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба парчам ва нишон низ бо ҳамин тартиб ворид карда мешавад.

      11. Ҳизб шакли ягонаи шаҳодатномаи тасдиқкунандаи узвият дорад.

БОБИ 3. УЗВИЯТ ДАР ҲИЗБ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ОН

      12. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 солагӣ расидааст, барнома ва оинномаи Ҳизбро эътироф менамояд, узви Ҳизб шуда метавонад.

      13. Қабул, қатъ ва боздоштани узвияти Ҳизб дар маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ бо дастгирии аксарият сурат гирифта, баъди тасдиқи қарори ташкилоти ибтидоӣ аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад.

      14. Узви Ҳизб наметавонад дар як вақт узви дигар ҳизби сиёсӣ бошад.

      15. Шахсе, ки ба Ҳизб дохил мешавад, бо роҳи пардохти ҳаққи узвият ва дигар шаклҳое, ки қонун иҷозат додааст, ба Ҳизб ёрии молиявӣ мерасонад.

      16. Узви Ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ ба қайд гирифта мешавад. Тартиби бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ (ҳаракати аъзои Ҳизб), боздошт ва қатъи фаъолияти аъзои Ҳизб тибқи низомномаи бақайдгирии узви Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

      17. Барои вайрон кардани интизоми ҳизбӣ ва меъёрҳои аҳлоқи ҷамъиятӣ, нисбати узви Ҳизб чораҳои интизомӣ андешида шуда, ба ӯ сарзаниш, танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ эълон гардида, ба маълумоти мақомоти болоии Ҳизб расонида мешавад. Узви Ҳизб аз ҷониби ташкилоти ибтидоӣ ё сохтори болоии ҳизбӣ барои номувофиқ будани рафтору кирдораш ба талаботи оиннома бо қарори кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ аз сафи Ҳизб хориҷ карда мешавад.

      18. Шахси аз сафи Ҳизб хориҷшуда дар сурати норозӣ будан ҳақ дорад, дар давоми як моҳ ба мақомоти болоии Ҳизб муроҷиат намояд.

      19. Узви Ҳизб ҳуқуқ дорад:

- аъзои кумитаи иҷроияи марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва дигар мақомҳо интихоб шавад ва ё каси дигарро барои ин мақомҳо интихоб намояд;

- дар бораи фаъолияти Ҳизб маълумоти пурра ба даст оварад;

- дар чорабиниҳои ҳизбӣ ширкат варзида, масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳизбро муҳокима намояд, дар таҳия, қабул ва амалӣ намудани қарорҳои Ҳизб ширкат кунад;

- дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва таҳқири шаъну эътибораш аз пуштибонии сиёсии мақомоти ҳизбӣ истифода намояд;

- аз тарафи Ҳизб барои интихоб шудан дар мақомоти намояндагии ҳокимият пешниҳод намояд ва пешниҳод шавад;

- дар кори ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ки мақсаду маромашон ба ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизб мухолифат надорад, иштирок намояд.

      20. Узви ҳизб вазифадор аст:

- талаботи оиннома, низомномаҳо ва дигар санадҳои дохилиҳизбиро риоя намояд;

- дар қайди ташкилоти ибтидоӣ бошад ва дар кори он фаъолона ширкат варзад;

- дар амалӣ гаштани сиёсати ҳамаҷонибаи Ҳизб фаъолона иштирок карда, қарорҳои Ҳизбро бечунучаро дар ҳаёт татбиқ намояд, барои расидан ба ҳадафҳои оинномавию барномавӣ, баланд гардидани обрӯ, сатҳу манзалат ва нуфузи Ҳизб дар ҷомеа масъулият эҳсос намояд;

        - дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносӣ намуна бошад;

        - бо тартиби муқаррарнамудаи низомномаи пешбурди фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ аз даромади умумии моҳонааш як фоиз ҳаққи узвият супорад.

      21. Узвият дар Ҳизб дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:

-  дар сурати ҷазои судӣ гирифтан;

 - қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  бо хоҳиши худ баромадан аз сафи Ҳизб;

-  аъзо шудан ба дигар ҳизби сиёсӣ;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳолати вайрон кардани талаботи оинномаи Ҳизб;

-  дар ҳолати бо қарори суд ғайри қобили амал эътироф гардидан;

-  дар ҳолати фавт.

      22. Узвият дар Ҳизб дар сурати гузаштан ба фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ боздошта мешавад.

БОБИ 4. СОХТОРИ ТАШКИЛИИ ҲИЗБ

      23. Сохторҳои Ҳизб дар асоси усули ҳудудию истеҳсолӣ таъсис дода мешаванд.

      24. Сохтори Ҳизб аз Кумитаи иҷроияи марказӣ, кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, ташкилоти ибтидоӣ ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” (намояндагиҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) иборат аст.

      25. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ фаъолият намуда, ҷиҳати татбиқи мақсадҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизб ҷидду ҷаҳд менамояд.

      26. Ташкилоти ибтидоӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва маҳалли истиқомати аъзои Ҳизб таъсис ёфта, аз ҷониби кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад.

      27. Сохторҳои Ҳизб метавонанд шурои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои ҳизбӣ, марказҳои таблиғотӣ, шӯрои собиқадорони Ҳизб, намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон, занон дигар созмону иттиҳодияҳо ташкил намоянд.

      28. Ташкилоти ибтидоӣ дар ҳолати мавҷуд будани 5 узви Ҳизб таъсис дода мешавад. Қарор дар бораи таъсиси ташкилоти ибтидоӣ аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ тасдиқ карда мешавад.

      29. Мақоми олии ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси умумӣ мебошад. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ як маротиба дар шаш моҳ, вобаста ба зарурат ҳар вақт даъват карда мешавад. Конференсияи кумитаи иҷроияи ибтидоӣ як маротиба дар дую ним сол даъват карда мешавад.

      30. Барои пеш бурдани корҳои ҷорӣ маҷлиси умумӣ дар ташкилотҳои ҳизбие, ки то 50 узв доранд, раис ва муовин (котиб) интихоб менамояд. Дар ташкилотҳои ибтидоие, ки аз 50 то 300 узв доранд - раёсат интихоб карда мешавад. Дар ташкилотҳои ибтидоие, ки аз 300 узв зиёд доранд, конференсия кумитаи иҷроияи ибтидоиро интихоб мекунад. Ҳисоботи раис ва раёсат дар маҷлиси умумӣ ҳар сол ва ҳисоботи кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар конференсия дар дую ним сол як маротиба шунида мешавад.

      31. Раиси ташкилоти ибтидоӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- фаъолияти ташкилоти ибтидоиро роҳбарӣ менамояд;

-маҷлисҳои умумии ташкилоти ибтидоиро баргузор менамояд;

- ташкилоти ибтидоиро дар маҷлисҳои кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, шаҳрӣ намояндагӣ мекунад;

- қабул, қатъ ва боздоштани узвият дар Ҳизбро мутобиқи банди 16 оиннома ба роҳ мемонад;

- дар асоси низомномаи бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бақайдгирӣ ва азқайдбарории аъзои Ҳизбро ба роҳ мемонад;

- протоколҳои маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоиро таҳия намуда, ба кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, шаҳрӣ пешниҳод мекунад;

- аз иҷрои қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ ба кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ахбор пешниҳод менамояд;

- пардохти ҳаққи узвиятро ба суратҳисоби кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, шаҳрӣ мунтазам ба роҳ мемонад;

- нақшаи кории ташкилоти ибтидоиро таҳия намуда, иҷрои самараноки онро таъмин менамояд;

- ҳар моҳ як маротиба соати сиёсӣ баргузор менамояд.

      32. Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:

- маҷлиси кумитаи иҷроияи ибтидоиро дар як сол ду маротиба баргузор менамояд;

- конференсияи кумитаи иҷроияи ибтидоиро даъват менамояд;

- фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро назорат менамояд;

- ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоиро дар маҷлисҳои умумӣ мешунавад;

- қарорҳои мақомоти болоии Ҳизбро дар амал татбиқ намуда, аз рафти иҷрои он ахбор пешниҳод менамояд;

- мутобиқи банди 26 ва 35 оинномаи Ҳизб ташкилоти ибтидоиро таъсис ва барҳам медиҳад;

- ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизбро дар амал татбиқ менамояд;

- дигар ваколатҳоеро, ки оинномаи Ҳизб пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.

      33. Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ бо назардошти вазифа ва шароити фаъолият дар масъалаҳои муайян кардани сохтори худ, самтҳо ва усулҳои корӣ, муҳлат ва тартиби гузаронидани маҷлисҳо ва чорабиниҳои ҳизбӣ, муносибат бо дигар ташкилоту созмонҳои ҷамъиятиро бо мақомоти болоии ҳизбӣ мувофиқа менамоянд.

      34.Ташкилоти ибтидоӣ мақсаду мароми Ҳизбро таблиғу ташвиқ намуда, вазифаҳои сиёсӣ, идеологӣ ва ташкилии Ҳизбро дар ташкилотҳо ва маҳалли зист амалӣ мекунад ва барои иҷрои ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавӣ мусоидат менамояд.                                                                                                                                                                   

      35.Ташкилоти ибтидоӣ дар асоси қарор, ки бо дастгирии аз се ду ҳиссаи аъзои Ҳизб қабул гардидааст, барҳам дода мешавад. Ҳамчунин дар сурати хилофи оиннома амал кардани ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти он бо қарори маҷлиси раёсат ё кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, ноҳиявӣ қатъ карда мешавад.                                                                         

      36.Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, ноҳиявӣ ташкилотҳои ибтидоиро дар ҳудуди муайян муттаҳид намуда, фаъолияти онҳоро назорат ва роҳбарӣ мекунад, назорати ҳаракати аъзои Ҳизб ва корҳои ташкилиро оид ба иҷрои қарорҳои мақомоти болоии Ҳизб дар коллективҳои меҳнатӣ ва маҳалли истиқомати шаҳрвандон ба роҳ монда, аъзои Ҳизб ва ҷонибдорони Ҳизбро барои интихоб ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ менамояд. 

      37. Мақоми олии кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ - конференсия буда, дар дую ним сол як маротиба даъват карда мешавад. Конференсия аъзои кумитаи иҷроия ва комиссияи тафтиширо интихоб мекунад. Сармуҳарири нашрияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҳизб дар мувофиқа бо кумитаи иҷроияи марказӣ дар конференсия тасдиқ карда мешавад. Тартиби гузаронидани овоздиҳиро дар интихоби мақомоти иҷроияи Ҳизб конференсия муайян мекунад.

      38. Конференсияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ бо қарори кумитаи иҷроияи ҳизбии дахлдор даъват карда мешавад.

      39. Интихоби кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ дар асоси низомномаи интихоби кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сурат мегирад.

      40. Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ дорои ваколати зерин мебошад:

- қарорҳои мақомоти болоии Ҳизбро дар амал татбиқ менамояд;

-фаъолияти кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоиро назорат менамояд;                                                                             

- ҳисоботи раисони кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоиро мешунавад;

- гурӯҳи вакилии ҳизбиро дар маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ташкил намуда, ҳисоботи роҳбарони онро ҳар сол як маротиба мешунавад;

- конференсияи кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии Ҳизбро даъват менамояд;

- бо қарори маҷлиси муассисон дар ҷои кор ва маҳалли истиқомати шаҳрвандон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, мутобиқи бандҳои 26 ва 35 оинномаи Ҳизб кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода, онро барҳам медиҳад;

- баҳри дар амал татбиқ намудани мақсадҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизб чораҳои мушаххас меандешад;

- раисони кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявиро бо розигии Раиси Ҳизб интихоб ва озод менамояд;

- сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявиро дар мувофиқа бо Кумитаи иҷроияи марказӣ интихоб ва озод менамояд.

- қарори ташкилоти ибтидоиро вобаста ба қабул ба сафи Ҳизб, боздошт ва хориҷ аз сафи Ҳизб тасдиқ менамояд;

- дар ҳолати ба талаботи оинномаи Ҳизб мувофиқ набудани қарори ташкилоти поёнии Ҳизб онро бекор менамояд;

- аъзои худро интихоб ва бозхонд менамояд;

- номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешниҳод менамояд;

- пардохти ҳаққи узвиятро дар кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ назорат менамояд;

- дигар ваколатҳое, ки оинномаи Ҳизб пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.                                                                                

       41.Маҷлиси кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ду маротиба дар як сол даъват карда мешавад.

      42. Қарори ташкилоти ҳизбӣ ё мақомоти интихобии он дар ҳолате қабулшуда ба ҳисоб меравад, ки агар ба тарафдории он аксарияти аъзои дар қайди ташкилот буда ё вакилони интихобшуда овоз дода бошанд.

      43. Мақоми олии Ҳизб Анҷуман (минбаъд Анҷуман) мебошад, ки камаш як маротиба дар 5 сол даъват карда мешавад. Санаи баргузории Анҷуман, меъёри намояндагӣ ва рӯзномаи он аз тарафи кумитаи иҷроияи марказӣ муайян карда мешавад. Дар ҳолати зарурат кумитаи иҷроияи марказӣ метавонад Анҷумани ғайринавбатиро даъват намояд.

      44.Анҷуман дар ҳолати иштироки аз нисф зиёди вакилон барои қабули қарорҳои дахлдор ваколатдор мебошад. Тағйиру илова ба оинномаи Ҳизб бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи вакилони Анҷуман қабул карда мешавад.

      45. Анҷумани Ҳизб бо роҳи овоздиҳии кушод ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол Раиси Ҳизб, аъзои кумитаи иҷроияи марказӣ ва комиссияи марказии тафтиширо интихоб мекунад.

      46. Анҷумани Ҳизб дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- ҳисобот ва гузориши кумитаи иҷроияи марказӣ, комиссияи марказии тафтиширо шунида, қарорҳои дахлдор қабул менамояд ва фаъолияти онҳоро баҳогузорӣ менамояд;

- оиннома ва барномаи Ҳизбро қабул намуда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид мекунад;

- парчам, нишони Ҳизб ва низомномаи истифодабарии онҳоро тасдиқ менамояд;

- намунаи шаҳодатномаи ягонаи ҳизбиро тасдиқ менамояд;

- фаъолияти Ҳизбро дар самти стратегӣ, идеологӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муайян менамояд;

- мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳоро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд.

      47. Комиссияи марказии тафтишии Ҳизб барои назорати буҷаи Ҳизб, фаъолияти молиявии сохторҳои ҳизбӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон (корхонаҳои истеҳсолие, ки Ҳизб сохтааст) масъул аст. Комиссияи марказиии тафтишӣ дар асоси муқаррароти оинномаи мазкур ва низомномаи худ фаъолият менамояд.

      48. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- ба кумитаи иҷроияи марказӣ ва раёсати он роҳбарӣ мекунад;

- Ҳизбро дар дохили кишвар ва берун аз он намояндагӣ менамояд;

- ба рафти тайёр намудани масъалаҳое, ки дар Анҷуман бояд муҳокима шавад, роҳбарӣ мекунад;

- ба Анҷумани Ҳизб шумора ва ҳайати аъзои кумитаи иҷроияи марказиро пешниҳод менамояд;

- ба кумитаи иҷроияи марказӣ номзадии муовини якум, муовинони Раиси Ҳизб ва сармуҳаррири рӯзномаи Ҳизбро барои интихоб шудан пешниҳод менамояд;

- дар маҷлиси кумитаи иҷроияи марказӣ ва раёсати он раисӣ мекунад;

- ба қарорҳои Анҷуман, кумитаи иҷроияи марказӣ ва раёсати он имзо менамояд;

- аз номи Ҳизб изҳорот дода, шартномаҳоро имзо мекунад;

- ба дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказӣ, ситодҳо ва мақоми матбуотии Ҳизб роҳбарӣ мекунад;

- ваколати муовинонашро муайян менамояд ва иҷрои баъзе ваколатҳои худро ба онҳо вогузор мекунад;

- барои ҳалли масъалаҳои марбута фармоиш интишор менамояд;

- номзадҳоро барои интихоб намудан ба вазифаи раиси кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва инчунин, масъалаи озод намудани онҳоро ба маҷлиси кумитаи иҷроияи марбута пешниҳод мекунад.

      49.Дар ҳолати набудани Раиси Ҳизб, иҷрои ваколатҳояш ба зиммаи муовини якум ё яке аз муовинонаш вогузор карда мешавад.

      50.Кумитаи иҷроияи марказӣ дорои чунин ваколат мебошад:

- бо пешниҳоди Раиси Ҳизб раёсати кумитаи иҷроияи марказӣ ва муовинони Раиси Ҳизбро интихоб мекунад;

- аъзои кумитаи иҷроияи марказӣ ва раёсати онро дар мувофиқа бо Раиси Ҳизб интихоб ва ё озод менамояд;

- фаъолияти сохторҳои Ҳизбро ҳамоҳанг намуда, самти ҳамкориро бо дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муайян мекунад;

- ба низомномаҳои ҳизбӣ тағйиру иловаҳо ворид намуда, низомнома ва дигар дастурамалҳо таҳия ва тасдиқ менамояд;

- дар асоси талаботи оиннома фаъолияти дохилиҳизбиро ташкил намуда, ба сохторҳои маҳаллӣ расонидани ёрии ҳаматарафаро ба роҳ монда, муҳлати аз қайд гузаштани аъзо ва ташкилотҳои ҳизбиро муайян мекунад;

- барномаҳои пешазинтихоботӣ таҳия ва тасдиқ намуда, пешниҳод намудани номзадҳоро ба зинаҳои гуногуни намояндагӣ аз Ҳизб таъмин мекунад;

- кори фраксияи Ҳизб дар парлумонро бо фаъолияти стратегии Ҳизб мутобиқ мегардонад;

- мақомоти матбуотии Ҳизбро таъсис медиҳад;

- Анҷумани Ҳизбро даъват менамояд;

- барои таъмин ва татбиқи фаъолияти пурсамари роҳбарияти Ҳизб дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказиро таъсис медиҳад.

      51.Маҷлиси кумитаи иҷроияи марказӣ дар як сол ду маротиба даъват карда мешавад.

      52.Раёсати кумитаи иҷроияи марказӣ ва раёсати кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ мақоми доимоамалкунандаи Ҳизб мебошад.

      53.Раёсати кумитаи иҷроияи марказӣ барои панҷ сол ва раёсати кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ба мӯҳлати дую ним сол интихоб карда мешавад.

      54. Маҷлиси раёсати кумитаи иҷроияи марказӣ на камтар аз чор маротиба дар як сол даъват карда мешавад.

      55.Дар сурати набудани Раиси Ҳизб дар маҷлиси раёсати кумитаи иҷроияи марказӣ муовини якуми Раиси Ҳизб ва ё яке аз муовинонаш ба кори маҷлис раисӣ мекунад.

     56.Раёсати кумитаи иҷроияи марказӣ дорои чунин ваколат мебошад:

- кумита, комиссия, ситодҳо ва гурӯҳҳои кории дахлдори ҳизбиро таъсис медиҳад;

- низомнома, дастурамал ва маҷмӯи қоидаҳои Ҳизбро тасдиқ намуда, ба он тағйиру иловаҳо ворид менамояд;

- дигар масъалаҳои рӯзмарраеро, ки дар давоми сол ба миён меояд, баррасӣ менамояд.

      57. Ҳизб хабарҳои расмиро дар саҳифаи матбуоти худ ё дигар воситаҳои ахбори омма мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мекунад.

 

БОБИ 5. ФРАКСИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ГУРӮҲҲОИ ВАКИЛИИ ҲИЗБӢ ДАР МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

      58. Мутобиқи қарори кумитаи иҷроияи марказӣ ва қарори кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ вакилон – аъзои Ҳизб барои изҳори дастҷамъонаи ақидаҳои сиёсӣ ва амалӣ гардонидани барномаҳои пешазинтихоботӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фраксияи ҳизбӣ ва дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ гурӯҳҳои вакилиро таъсис медиҳанд.

      59. Бақайдгирии фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

      60. Узви Ҳизб - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад танҳо аъзои як фраксия ва вакили ҳизбӣ дар маҷлиси маҳаллии вакилони халқ аъзои як гурӯҳи вакилӣ бошад.

      61. Ба фаъолияти фраксияи Ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси фраксия, муовинони ӯ ва ба фаъолияти гурӯҳи вакилӣ дар маҷлиси маҳаллии вакилони халқ роҳбари гурӯҳ ва муовинони ӯ роҳбарӣ мекунанд.

      62.Раиси фраксияи Ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Ҳизб ва роҳбари гурӯҳи вакилӣ дар маҷлиси маҳаллии вакилони халқро раиси кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ барои интихоб шудан пешниҳод менамояд.

      63. Фраксияи Ҳизб ва гурӯҳҳои вакилӣ ҷиҳати фаъолияти самараноки ҳизбӣ мусоидат менамоянд.

      64. Аъзои Фраксия ва гурӯҳи вакилӣ ӯҳдадор аст, ки дар фаъолияти гуногуни вакилӣ (қонунгузорӣ, намояндагӣ, таблиғотиву ташвиқотӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ ва чорабиниҳои гуногуни ҳизбӣ) фаъолона иштирок намояд.

      65. Фраксияи Ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кумитаи иҷроияи марказӣ ва гурӯҳи вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар назди кумитаи иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ҳар сол як маротиба ҳисобот медиҳад.

БОБИ 6. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ҲИЗБ

      66. Ҳизб аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ мебошад, дар бонкҳои Тоҷикистон суратҳисоб дошта метавонад, соҳиби муҳри мудаввар, гӯшамуҳр, варақи рамзии худ буда, дар суд ва дигар мақомоти давлатӣ баромад карда метавонад.

      67. Сохторҳои Ҳизб метавонанд нашрия, сомона, саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дошта бошанд ва фаъолияти онҳоро тибқи муқаррароти қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

БОБИ 7. МОЛУ МУЛК ВА ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИИ ҲИЗБ

      68. Ҳизб метавонад дар ихтиёри худ иморат, иншоот, фонди манзил, хоҷагиҳои ёрирасон, маркази таълимӣ, молу мулки таъиноти фарҳангиву маърифатӣ ва тандурустӣ, пул аз ҷумла асъори хориҷӣ, саҳмия, қоғазҳои қиматнок ва дигар молу мулке, ки барои таъмини моддии фаъолияти Ҳизб лозим аст, дошта бошад.

      69. Воситаҳои пулӣ ва молу мулки Ҳизб аз ҳисоби ҳаққи узвият, маблағ аз буҷети давлатӣ тибқи меъёри муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», пардохти ихтиёрии шахсони алоҳида ва ташкилотҳо, даромад аз фаъолияти истеҳсолӣ, нашриётӣ ва дигар чорабиниҳо, ки қонун манъ намекунад, иборат аст.

      70.Ҳангоми хориҷ шудан аз Ҳизб пардохтҳои ихтиёрӣ баргардонида намешаванд.

      71. Фаъолияти молиявии Ҳизб ва сохторҳои он тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», оинномаи мазкур ва низомномаи пешбурди фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ амалӣ карда мешавад ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ дар ҳудуди ваколати онҳо амалӣ гардонида мешавад.

БОБИ 8. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБ

      72.Азнавташкилдиҳии фаъолияти Ҳизб мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Анҷумани Ҳизб, ки он бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи вакилон қабул гардидааст, ба амал бароварда мешавад.

      73. Фаъолияти Ҳизб бо қарори Анҷуман, ки он бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи вакилон қабул гардидааст ё дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, қатъ мегардад.

      74. Молу мулки Ҳизб баъди барҳамдиҳӣ ба мақсадҳои хайриявӣ истифода карда мешавад.

 

 

 

 

 

Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Қубодиён

СУРОҒА

вилояти Хатлон ноҳияи Қубодиён кӯчаи Исмоили Сомонӣ №178
Тел: (83251) 2-26-00
Email: qubodiyon@hkhdt.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ