Тадбир баҳри таҳкими Истиқлол
2023-09-08

Мардуми шарафманди тоҷик 32-солагии
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд. Ба ҳама мардуми
кишвар маълум аст, ки баробари соҳибистиқлол гаштани мамлакат бесарусомонӣ ба
миён омад ва дар натиҷаи муборизаҳои сиёсӣ Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги
шаҳрвандӣ кашида шуд. Ҳазорҳо шаҳрвандони кишвари мо бар асари ин ҷанги
хонумонсӯз ҷони худро аз даст дода, гурӯҳи зиёде гурезаву дарбадар гаштанд.
Ҳодисаҳои хунин тамоми аҳолии мамлакатро, сарфи назар аз минтақаву маҳал,
мавқеи иҷтимоию сиёсӣ ва синну сол дар гирдоби ҳалокатбори худ қарор дод. Бар
асари ин воқеаи нангин мамлакат хароб ва иқтисоди он касод гардид.
Ба бахти миллати тоҷик ва
тоҷикистониён дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992
баргузор шуд, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ
интихоб гардида, зимоми роҳбариро ба даст гирифт. Аз ҳамон лаҳзаҳо насими сулҳу
ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ замина барои субот ва ҳаёти осоишта ба миён омад. Бо
вуҷуди ин мушкилиҳо роҳбарии мамлакат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон дар он шароити мураккаби
ҳарбию сиёсӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои пурмасъул - созмон додан ва таҳким
бахшидани сохторҳои идориву низомии давлат, дар амри қобили ҳаёт нигоҳ доштани
сохтори иқтисодии мамлакат чораҳои зарурӣ андешиданд. Ҳанӯз то имзои Созишномаи
умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Ҳукумати ҷумҳурӣ
тавонист, ки ба татбиқи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намояд.
Дар як марҳилаи кӯтоҳ, яъне пас аз
соли 1994 то татбиқи пурраи нуқтаҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва
ризоияти миллӣ, яъне солҳои 2000-ум Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маҳдудиятҳои молиявӣ
нигоҳ накарда, сохтмони як қатор иншооти барои пешрафти минбаъдаи мамлакат
муҳим, аз ҷумла роҳи оҳани Қӯрѓонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди байналмилалии
Кӯлоб-Хоруѓ-Кулма-Қароқурум, истихроҷ ва истифодаи кони гази Хоҷасартез, бунёди
Неругоҳи барқи обии Сангтӯда, неругоҳи барқии Помир, нақби Анзоб ва даҳҳо дигар
сохтмонҳоро оѓоз намуда, қисми зиёде аз онҳоро ба анҷом расонид ва бисёре аз
корхонаҳоеро, ки қисман ва ё тамоман аз фаъолият бомонда буданд, қобили истеҳсолу
тавлид намуд.
Дар тӯли ин солҳо иқтисодиёти
мамлакат беш аз пеш ба низоми навини бозоргонӣ мутобиқ гардида, пешрафти
босуботро касб намуд. Дар ин муддат дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон садҳо
корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ҳам бо маблаѓҳои дохилӣ ва ҳам бо сармояҳои
хориҷӣ бунёд гаштаанд ва иловатан садҳо ҳазор ҳамватанон бо кори доимию мавсимӣ
таъмин шуданд, ки дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ ва раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба
хориҷи кишвар паст гардид.
Имрӯзҳо мамлакати мо ба шарофати
суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ ва заминаҳои мусоиди ҳуқуқии барои рушди соҳаи
саромоягузорӣ ва соҳибкорӣ шароити зарурӣ муҳайё намудааст.
Дар шароити кунунӣ, ки кишварамон як
майдони бузурги созандагиро мемонад, тафовут миёни шаҳру деҳот аз байн рафта
истодааст. Зеро дар деҳот тайи солҳои охир инфрасохтори мусоиди иҷтимоӣ
босуръат рушд карда истодааст. Мисоли равшани он дар минтақаҳои водии Рашт,
бахусус ноҳияи Лахш мебошад.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Президенти
мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 11 маротиба бо сафарҳои корӣ ба ноҳияи
Лахш ташриф овардаанд, ки ҳар як сафари кории Сарвари давлатро сокинони
сарбаланди ноҳия самимона қабул намуда, ҳар як роҳнамоию ҳидоятҳои Пешвои
миллатро сармашқи зиндагӣ ва кори худ қарор додаанд.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дар
тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмони иншооти гуногуни маишиву
хизматрасонӣ ва ба шароити муҳит мувофиқ идома доранд. Ба шарофати Истиқлоли
давлатӣ дар ҳудуди маркази ноҳия - шаҳраки Ваҳдат як қатор биноҳои маъмурию
маишӣ ва маданию истиқоматӣ тибқи талаботи меъморӣ қомат афрохта, маркази ноҳия
ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст.
Мавриди зикр аст, ки шуѓли асосии
сокинони ноҳия ин соҳаи кишоварзӣ, алалхусус картошкапарварӣ ва чорводорӣ ба
ҳисоб рафта, бо назардошти талаботи имрӯзаи бозоргонӣ ҳамасола майдони кишт ва
истеҳсоли картошка, ки ҳамчун “нони дуюм” ба ҳисоб меравад, тибқи дурнамоҳои
пешбинигардида ба иҷро расонида мешавад.
Ба минтақаи Рашт, хусусан ноҳияи Лахш
теъдоди сайёҳон сол аз сол зиёд гардида, дар баробари сайёҳони хориҷӣ ба ин
минтақа сайёҳони дохилӣ низ зиёд ташриф меоранд.
Дастовардҳои миллати тоҷикро, ки бо
талошу заҳматҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, тамоми дунё эътироф
менамоянд ва ба роҳбари оқилу хирадманди мо - тоҷикон таҳсину офарин мехонанд.
Мардуми Тоҷикистон бо таъмини сулҳу
амният ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим имрӯз худро хушбахт меҳисобад.
Бузургтарин дастоварди даврони
Истиқлол ин ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа аст, ки
ҳамаи комёбиву муваффақиятҳои минбаъда самараи он мебошанд.
Имрӯз дар тамоми ҷабҳа ва дар ҳама
самту соҳаҳо ба дастовардҳои бузургу беназире ноил гардидаем, ки ҳамаи онҳо
натиҷаи, қабл аз ҳама, ташаббусҳои Роҳбари давлатамон ҷиҳати рушди иқтисодиёту
иҷтимоиёт, баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ва
муаррифии мамлакат ба ҷаҳониён аст.
Дар шароити имрӯза вазифаи асосии мо
таҳкиму тақвият бахшидани Истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин рисолати муқаддас ва масъулияти бузург аз ҳар
шаҳрванди мамлакат тақозо менамояд, ки дар ин роҳи пуршараф бо садоқат қарзи
шаҳрвандии худро адо намояд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд, ки “Ба даст
овардани Истиқлол кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо
ва дастовардҳои Истиқлол кори аз он ҳам душвортар аст.”
Ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне
ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он, хусусан дар
шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб гаштани вазъи
геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои
кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани
истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи
виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ,
таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем. Ин
масъалаҳо самти афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба
шумор меравад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Лахш дар асоси талаботи
барномаҳои ҳизб ва дастуру тавсияҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар ин бахш дар асоси нақшаҳои тарҳрезигардида фаъолияти босамар дорад.
Мо талош ба он дорем, ки ҷашни
32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рӯйдоди воқеан ҳам,
пурифтихори таърихӣ ба ҳисоб меравад, бо дастовардҳо таҷлил намоем ва дар
тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии мардуми сарзаминамон ҳиссагузор бошем.
Насрулло Неъматзода,
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Лахш