Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ” ва риояи муқаррароти он дар фаъолияти корӣ

2023-06-02

Дар идомаи дарсҳои омузишӣ барои кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроияи шаҳри Душанбе, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазозода Ҷамшед дар мавзуи “Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ” ва риояи муқаррароти он дар фаъолияти корӣ суҳбат доир намуд.

Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни сухани ифтитоҳи иброз дошт, ки машғулиятҳои мазкур барои тақвияти савияи дониши сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии масъулони ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, барои омода намудани кадрҳои арзанда  ва мувофиқ ба талаботи замони муосир ҳамагуна шароити мусоид фароҳам меоваранд. Аз масъулон даъват ба амал оварданд, ки бо истифодаи ин имконият, аз донишу маърифат ва илми олимони шинохтаи ин силсилаомӯзишҳо ба пуррагӣ баҳравар гарданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазозода Ҷамшед дар оғоз зикр намуд, ки ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар  менамояд.

Дар идома қайд намуд, ки дар боби 1 ва моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳуқуқи шаҳрвандон барои муттаҳид шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ ба тариқи таъсис  додани ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи эътиқоди худ, ихтиёран дохил шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ бо шарти эътироф намудани оинномаҳои онҳо аз ҷониби дохилшавандагон, иштирок кардан дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи мақсадҳои муайянкардаи барномаҳои онҳо ва тибқи шаклҳои муқарраркардаи оинномаҳои онҳо, иштирок кардан дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи мақсадҳои муайянкардаи барномаҳои онҳо ва тибқи шаклҳои муқарраркардаи оинномаҳои онҳо ва озодона баромадан аз ҳизбҳои сиёсӣ ба амал бароварда шудааст.

Ҳамзамон, ҲХДТ барои рушди омили инсонӣ дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ татбиқи барномаҳои афзалиятноки қабулшуда ва таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро барои афзоиши нерӯи инсонӣ дар кишвар, инчунин тарбияи шахсияти худогоҳу ватандӯст, соҳибилму маърифат ва донишу ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад.

Зикр гардид, ки ҲХДТ нисбат ба дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар дар ҷомеа нуфузи бештар дорад ва ин далел ҳар як ташкилоти ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдоронро муваззаф мегардонад, ки ба ин равандҳо бо дарки баланди масъулият муносибат намуда, дастовардҳои ҳизбро боз ҳам таҳким бахшанд.