Корҳо аз суханҳо баландтар садо медиҳанд

2023-06-02

Дар шароити муосири мураккаби авзои геополитикии ҷаҳон ва махсусан минтақа, барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаҳои тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва фазои устувори сиёсӣ дар мамлакат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар амалӣ намудани ҳадафҳои геополитикӣ нақши воситаҳои ахбори омма ниҳоят назаррас аст, зеро тавассути ВАО таъсири иттилоъ ба ташаккули инсон ва тафаккури ӯ самараноктар сурат мегирад. Имрӯз дар кишвар беш аз 500 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки қисми зиёди онро матбуоти ҷамъиятиву хусусӣ ташкил медиҳанд. Аз нуҳ оҷонсии иттилоотӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ҳаштоаш хусусӣ аст. Ҳар яке аз ин расонаҳо фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд. ВАО яке аз рукнҳои аслии пешрафт ва тараққиёт дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Имрӯз марҳалаи нави «ҷанги сард» ё худ ҷанги расонаҳо бомаром идома дорад. Гурӯҳҳо аз ВАО бо мақсадҳои гунаҳои истифода мебаранд. Дар робита ба ин, имрӯз дар илми сиёсатшиносӣ мафҳуми нав - «ҷанги иттилоотӣ» ё «муборизаи иттилоотӣ» шинохта мешавад. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Маҷлиси КИМ ҲХДТ рӯзи 30 ноябри соли 2022 низ ишораҳои дурусти олимона карданд.

Имрӯз дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву мухобиротӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудоинопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст. Амнияти иттилоотӣ мавзӯи рӯз аст. Доштани маълумоту хабари зиёд дар ҷомеаи иттилоотӣ «идора кардани ҷаҳон»-ро ба ёд меорад. Дар ин росто, таъмини амнияти иттилоотӣ ва бехатарии он ба хотири озодии баён проблемаи муҳим мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои пешбурди манфиатҳои худ давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида ба муқобили ҳамдигар муборизаи иттилоотиро торафт вусъат медиҳанд. Намунаи барҷастаашро мо дар мисоли ВАО-и Россия ва Украина ва ҳамсоякишвар метавонем баръало мушоҳида намоем.

Солҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нафарони худбохта бо дарки амиқи масъала бар зидди кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон як маъракаи огоҳонаю муғризонаи сиёсӣ пеш мебаранд. Ҳамчунин, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди наворҳои зиёде мешавем, ки дар он миллати мо интиқод ва таҳқир мегардад. Ин тамоюл метавонад паёмади нохуб дошта бошад. Комилан яқин аст, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва нияту нақшаҳои стратегии мо ҷиҳати рушду тараққии мамлакат, инчунин сиёсати бисёрсамтаи хориҷиамон ба доираҳои муайян хуш намеояд. Гурӯҳҳо ва нафароне ҳастанд, ки пайваста интиқоди ҳукумати кишвар ва сиёсати пешгирифтаи онро ҳадафи худ қарор додаанд. Баъзан, дар маводи онҳо ҳуҷҷатҳои махфӣ ва дорои сирри давлатидошта низ пахш мегарданд, ки сарчашмаашон маълум нест. Хеле муҳим аст, ки дар ин раванд ҷомеа, махсусан қисми равшанфикри он хомӯш набуда, мавқеи тамошобинро ихтиёр накунанд ва фазоро холӣ нагузоранд. Аҳли қалам дар пешорӯйи маводи ғаразноку таҳқиромез, ки ба хотири паст намудани иродаи сиёсӣ ва азму суботи мо, инчунин расидан ба иззати нафси мардум ва миллат паҳн мешаванд, хомӯш набошанд. Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд ба маротиб тақвият бахшида шавад.

Ҳарчанд нисбат ба солҳои гузашта имрӯзҳо гаравиш ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ мутаносибан камтар ба назар мерасад, аммо ин маънои онро надорад, ки мавзуъ дигар актуалӣ нест. Омилҳои асосие, ки шаҳрвандон тавассути шабакаҳои иҷтимои фирефтаи гурухҳои ифроти мешаванд: 1) Тағйир ёфтани арзишҳо ва боло гирифтани ниёзҳои моддӣ нисбат ба маънавӣ; 2) Норасоии баръалои эҳсоси муҳаббат дар оила ва тақвият наёфтани инфирод ҳамчун мутахассиси касбӣ; 3) Вусъат ёфтани мушкили инфантилизми иҷтимоӣ – бар дӯш нагирифтани масъулиятҳои иҷтимоӣ.

Аз фазои шабакаҳои иҷтимоӣ пуртаъсир истифода намудани гурӯҳҳои ифротӣ ба қисман омода набудани мо дар амалҳои ҷавобӣ иртибот мегирад. Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои сайёра аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд. Вақтҳои охир ҳатто сарони давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар бораи зарурати танзими фаъолияти интернет дар доираи қонунҳои байналмилалӣ изҳори назар мекунанд. Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин масъала ҳангоми мулоқотҳои худ бо зиёиён ва рӯзноманигорон таваҷҷуҳ карда буданд.

Дар ин замина, масъалаи кадрӣ авлавият пайдо мекунад. Ҳоло дар миёни ҷавонон шахсиятҳое ба камол расида истодаанд, ки дар кору таҳсил ва одоби шоистаашон намуна буда, дар вуҷудашон хислатҳои волои иқдому ташаббускорӣ мушоҳида мегардад. Дар заминаи зарурати такмили асолати онҳо ва дастгирию ҳавасманд гардонидани ин қишри бунёдкор Пешвои муаззами миллат ба вазифаҳои роҳбарикунанда кадрҳои ҷавон ва занони донишмандро бештар пешбарӣ ва дастгирӣ намуда истодаанд.

Кадрҳои ҷавон имрӯз бо шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Фейсбук ва Инстаграм фаъолона кор мекунанд, ба маводи муғризонаи бадхоҳон вокуниш менамоянд, бо шароити воқеии ҳамватанони бурунмарзӣ огоҳӣ дошта, ҷалби онҳоро ба идораи механизми давлатӣ тақвият медиҳанд. Кадрҳо ва рӯзноманигорони ҷавон сазовори боварӣ ҳастанд. Маҳорати сиёсии ҷавонон пайваста дар суҳбату мулоқотҳо ва мусоҳибаҳо тақвият бахшида мешаванд. Онҳо аз суҳбат дар мавзуъҳои ҳассос ҳарос надоранд. Вобаста ба маврид истодагарӣ кардан, устувор будан ва собит намудани мавқеи худ, ки ба манфиати ҷомеа мухолифат намекунад, борҳо собити худро ёфтааст.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, хоса амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд.

Ҳамзамон, шаҳрвандони мамлакат бояд ба иттилооти воқеӣ (объективӣ) ва гуногунҷанбаъ дастрасӣ дошта, дар инъикоси самтҳои гуногуни идоракунии давлат ва ҳаёти ҷамъиятӣ иштироки фаъолона намоянд. Дастрасӣ ба иттилоот ба бознигарӣ ниёз дорад.

Рақобатпазир намудани абзорҳои ватании ВАО дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ муҳим буда, масъалаи имиҷсозии кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз авлавиятҳои калидӣ ва умда аст. Корбарӣ дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бамаротиб бояд густариш бахшида шавад, вобаста ба пешрафти замон такмил ёбанд ва баҳри тақвият додани базаи техникӣ, ҷолибсозии мавод, тарзи пешниҳоди мавзуъ, сарлавҳаи ҷолибу муъҷаз, нашри бештари маводи таҳлилӣ ва ороиши дилпазир масъулин тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ҳоле, ки ВАО нақши монополистии худро дар ташаккули афкори ҷомеа аз даст медиҳанд, ҷойгоҳи шабакаҳои иҷтимоӣ хеле муассир мегардад. Онҳо ба муҳимтарину асоситарин шабакаи интиқоли муҳтаво, яъне контент, ба шабакаи фавқулодда оперативӣ мубаддал шудаанд. Хонанда, ки қаблан истеъмолкунандаи муҳтаво буд, акнун ба истеҳсолкунадаи фаъоли иттилоот табдил ёфтааст.

Мо бояд беҳтару бештар дарк намоем, ки ВАО барои муколама миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, ниҳодҳо, ҳокимият ва халқ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим ва муассир дорад. Аз ин ҷиҳат, муносибати мо ба иттилоот низ ба бознигарӣ ниёз дорад.

Ҳамидиён И. И.,

номзади илми филология,

дотсенти факултаи журналистикаи ДМТ