Модари хушназарам ҳар назарам ҳадяи туст

2023-03-03

Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзӣ, бедорхобӣ пурбардории ў танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кўдак гузоштани китоб ё муқадасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад. Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғўши гарми модар қимати ўро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Барҳақ шоир фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, модар.

Модарон ва бонувон таҳти таваҷуҳи Роҳбари давлат

Тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занону бонувони кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бамаротиб боло рафт.

Ин аст, ки чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мақом ва ҷойгоҳи зан дар раванди сиёсии кишвар марҳила ба марҳила рушд ва густариш ёфта истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат занону бонувон барои ободию гулгулшукуфии кишвар бо кордонию маҳорати баланд ва маърифати сиёсӣ саҳми беандозаи худро мегузоранд.

Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо нисбат ба занону бонувон ва фаъолияти онҳо дар ҳамаи соҳаҳо ибрози назар намуда, ба ташаббус, масъулият, кордонӣ ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон баҳои баланд додаанд.

Махсусан, Пешвои муаззами миллат дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бурдани мақоми занону бонувонро таъкид месозанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.

Имрӯз ба таъкиди Сарвари давлат иштироки занону бонувон дарсоҳаи маориф-73, тандурустӣ-71, фарҳанг-47, бонкдорӣ-39, алоқа-25 ва хизматрасонии иттилоотӣ-40 фоизро ташкил медиҳад. Омори мазкур баръало нишон медиҳад, ки бидуни ширкати фаъолонаи занон рушди бемайлони ин самтҳоро таъмин кардан номумкин аст.

Сиёсати гендерӣ ва оила дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти сиёсати гендерӣ нақшаҳои мушаххасро пайгирӣ намуда, барои расидан ба баробарҳуқуқии воқеӣ байни занон ва мардон (де-юре ва де-факто) чора меандешад. Аз ҷумла, ташаббуси занону модаронро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад ва дар маҷмўъ кӯшиш менамояд, ки онҳо ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гарданд.

ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерўи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти аъзоёни ҷомеа кўшиш мекунад...

Гадоев Салим,

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб