Афзоиши сафи аъзои ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

2023-03-02

Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” бо иштироки Изатулоои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва Иброҳимов Бахтиёр, раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” маҷлиси умумӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси умумӣ Изатулоои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор суханронӣ намуда, нахуст ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии ҷашнҳои баҳорӣ табрику муборак гуфт.

Дар суханронии худ мавсуф қайд намуд, ки бо ризоияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 12 то 24 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир гардид, ки бисёр хотирмон буд.

Дар идома оид ба масъалаҳои ба пешрафти кори ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дахлдоштаро ба самъи ҳозирин расонид.

Дар идома, мавсуф оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ибрози андеша намуд. 

Гуфта шуд, ки соли 2022 ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” дар самти татбиқи Барномаи ҲХДТ ташаббусҳои неку созгорро амалӣ намуд, ки барои пешрафти кори ҳизбӣ дар шаҳри Ҳисор кӯмак кард.

Дар фаромади маҷлис ба як қатор кормандони Бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ аъзо шуда буданд, шаҳодатномаи узви ҲХДТ супорида шуд. Илова ба ин ба як чанд нафар узви фаъоли ҳизб барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд.