Пояи асосии давлат соҳаи маориф аст

2023-03-02

Маориф дар Тоҷикистон - яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Миллати тоҷик дар тули таърих фарҳанги бостонӣ ва мадориси таълиму тарбияи ташаккулёфта (дабистон, дабиристон ва ғайра) доштанд. Дар асрҳои миёна ин низоми таълиму тарбия дар шакли мактабу мадрасаҳо, ки барои омӯзонидани шариати ислом ва дигар улуми мутадовилаи вақт роиҷ буд, амал менамуданд. Дар мактабҳо таълими ибтидоӣ ва дар мадрасаҳо таълими миёна ва олӣ ба роҳ монда шуда буд.

Аз рӯзи аввали барпо гардидани сохти нав дар ин сарзамин ба масъалаи маориф ва низоми таълиму тарбия диққати махсус дода мешуд ва дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд шакл ва мазмуни тоза касб намуд. Дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди амалӣ сохтани ислоҳоти куллии соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа дар давраи гузариш гаштанд ва барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имконият фароҳам оварданд. Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши мактаб ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар солҳои истиқлолият назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфт. Шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд гардид. Тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи хеш дар самти сиёсати иҷтимоии кишвар таъкид намуданд, ки: “Дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад”.

Пешвои миллат дар Паёмҳои хеш аз хусуси таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардондани низоми таълим низ таъкид ба амал меоваранд. Дар ин маврид дар Паёми имсолаи хеш иброз намуданд, ки: “Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем”.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки ҳоло аҳли маориф ва ҷомеаи кишвар бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии хеш саҳми арзанда мегузоранд.

Саидаҳмад Халилов,

раиси ташкилоти ибтидоии

“Кумитаи варзиш” дар ноҳияи Ҷайҳун