Намоиши филми ҳунарӣ барои бонувон

2023-03-01

Бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар дар доираи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур филми ҳунарии “Охирин сайди Сайёд” барои бонувони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур намоиш дода шуд.

Пеш аз намоиши филм нахуст, Каримзода Нилуфар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи Модар бонувони иштирокчӣ ва дар симои онҳо кулли бонувони кишварро табрику таҳният намуда, афзуд, ки имрӯз шаҳри зебои Душанбе ба бӯстони ҳамешабаҳор мубаддал шудааст, ки дар бунёди ин зебоиҳо эъҷози дастони гулпарвари бонувони пойтахт дида мешавад.

Дар ин радиф, Ашурова Дилрабо – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе низ баромад карда, зикр намуд, ки хушбахтона, маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои фаъолияти бонувон дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ ва ширкати густурдаи онҳо дар пешрафти ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд, ки ин иқдом аз таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат - Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба баланд бардоштани мақому мартабаи Зан-Модари тоҷик шаҳодат медиҳад.

Сипас ҳайати бонувон дар фазои идона филми ҳунарии “Охирин сайди Сайёд” - ро тамошо намуданд.