Машғулиятҳои назариявӣ дар амал татбиқ мешаванд

2023-02-28

Бо иқдом ва дастгирии ҳамаҷонибаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассус, савияи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кормандони ҳизбӣ ва мушаххас намудани самти фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳилаи имрӯза аз 12 то 24 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Боиси қайд аст, ки дар асоси барномаи курси мазкур чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ боздид аз ташкилотҳои ҳизбии пойтахт ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ, ҳамчунин чандин чорабиниҳо вобаста ба тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ, ки аз супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат бармеояд, ташкил ва гузаронида шудаанд.

Курси омӯзишии мазкур барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб бо баррасии мавзӯҳои барои корманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ниҳоят зарурӣ айни муддао буд, зеро мо иштирокчиёни курс дар ин омӯзиш ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти корӣ баҳрабардорӣ намудем.

Курси мазкур таҳти сарварии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор роҳандозӣ гардида, дастуру ҳидоятҳо, масъалагузориҳо ва таклифу пешниҳодҳои мушаххас ба пешбурди фаъолияти кори ҳизбӣ бамаврид буд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки давоми баргузории машғулиятҳо шахсиятҳои шинохта ва маъруфи кишвар – ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович, муовинони Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва Латифзода Асрор, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ғафурзода Абдухалил, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода Абдураҳим, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, олимону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва собиқадорони ҳизб оид ба ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа маърӯзаҳо намуданд, ки боиси боз ҳам баланд гардидани савияи дониши сиёсӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ва усулҳои нави корбарӣ, тақвият ёфтани ҳамкорӣ дар самти пешбурди фаъолияти ҳизбӣ гардид.

Ғайр аз ин баргузории мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол миёни дастаҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои боз ҳам наздик намудани дӯстии кормандони ҳизбӣ, баланд бардоштани маҳорати варишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми муносиб гузошт. 

Дидан намудан аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва корхонаву муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ба мо таассуроти хуб бахшид. Дар воқеъ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар, пойтахти мамлакат ба шаҳри зебову дилрабо табдил ёфта, шароити корӣ дар ҳамаи корхонаву муассисаҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Воқеан, ташкил ва гузаронидани курси бозомузии раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо талаботи хирадмандонаи Роҳбарияти Олии ҳизб буда, аз роҳбарон масъулияти баландро тақозо менамояд. Боварии комил дорем, ки баъд аз баргузор гаштани чунин курси бозомӯзӣ ҳамаи раисон ва масъулони ҲХДТ фаъолияти кориро боз ҳам дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам сахттар камари ҳиммат мебанданд.

Миннатдории самими худро ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ барои мусоидат ва ташкили чунин як курси бозомӯзӣ, ки дар баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати роҳбарӣ нақши муассир мегузорад, мерасонем.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои иқдоми мазкур ба ташкилкунандагони курси бозомӯзӣ миннатдории самимӣ баён намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар рафти курси бозомӯзӣ пешниҳодшуда аз имкониятҳо босамар истифода мебарад.

Бахтиёр Исматҷонов,

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар шаҳри Хуҷанд