Таассурот аз курси бозомӯзӣ

2023-02-27

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бамаврид қайд намуданд: “Бештари дастовардҳои назарраси кишварамон бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳизби мо дар ин давра бо ташаббусҳои бузургу созандаи сиёсӣ ва бо эҳсоси баланди масъулият як силсила барномаҳои нав, ғояҳои тоза ва стратегияҳои судмандро пешниҳод кард”.

Дар ҳақиқат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Барнома, мақсаду маром, ғоя ҳамчун ҳизби мардумӣ ва ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ дар раванди ташаккули андешаи миллӣ, ватандӯстӣ, ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии мардум саҳми бузург дорад. Ташкил намудани мулоқоту вохӯриҳо, чорабиниҳо, мизи мудаввару семинар, курсҳои бозомӯзӣ аз фаъолияти меҳварии ин ҳизби созанда ба ҳисоб рафта, садоқати худро барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон амалӣ месозад.

Курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар асоси нақша – чорбиниҳои КИМ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 12-ум то 25-уми феврали соли равон ташкил ва баргузор гардид, дар хотираи ман таассуротҳои некро боқӣ гузошт.

Рӯзи аввал санаи 12.02.2023 соати 14:00 дар толори хурди меҳмонхонаи “Тоҷикистон” Маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рӯзномаи Маҷлиси Раёсат ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ барои соли 2023 баррасӣ гардид.

Аз ҷумла қайд гардид, ки фаъолияти ҳизби мо зери роҳбарии Раиси муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат намоён ва бузургу барҷаста аст. Чун ҳамеша мо шоҳиди падидаҳои беназири иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мешавем, ки дар ҳамаи ин дастовардҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассир дорад.

Мо раисони кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳо минбаъд низ зери сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб, фаъолияти ҳизбии худро боз ҳам бештар тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб, ки як қисми таркибии идеяҳои низоми давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, самимонаву содиқона анҷом хоҳем дод.

Анварзода Амир, Раиси Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Б. Ғафуров