Назорати молиявӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ ва истифодаи дурусти ҳуҷҷатгузории он

2023-02-23

Дар оғози дарс, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ёдовар шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор мераванд. ҲХДТ сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату ҷомеа арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои аслии худ қарор додааст.

Дар идома, раиси Комиссияи марказии тафтишотии ҲХДТ – Давлатзода Дилмурод пиромуни мавзуи назорати молиявӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ суҳбат намуд. Ёдовар шуд, ки комиссияи марказии тафтишотии ҳизб барои назорати буҷаи ҳизб, фаъолияти молиявии ташкилотҳои ҳизбӣ масъул буда, дар асоси Оинномаи ҲХДТ ва Низомномае, ки Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тасдиқ кардааст, фаъолият мебарад. Дар ин асос, комиссия аз фаъолият ва натиҷаи тафтишоти молиявӣ ба раисони кумитаҳои иҷроия маълумоти муфассал дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххаст доданд.

Мудири шуъбаи молиявии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ – Файзизода Мирзоалӣ мавзуи истифодаи дурусти ҳуҷҷатгузории молиявӣ дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро бо иштирокчиёни курс мавриди баррасӣ қарор дод. Мавсуф, зикр намуд, ки дар шароити замони муосир ҳизбро зарур аст, ки аз усулҳои навтарини фаъолияти молиявӣ истифода намояд. Аз ин ру мавзуи интернет-банкинг, аҳамиятнокӣ, пешрафт, мафҳумҳо, тартиби амал, асоси ҳуқуқӣ, амалиёти ғайринақдӣ, уҳдадории пардохт, амалиёти харид, ҳамқадамӣ дар татбиқи ҳукумати электронӣ, паст гардидани таъсири субъективӣ, идоракунии амалиёти молиявӣ дар фосила, ба маротиб осон ва зудамал гардидани ҷараёни татбиқи амалиёти муҳосибӣ, ҳифз гардидани муносибатҳои молиявӣ ва пулӣ, васеъ гардидани имконияти назорат ва мониторинги ҷараёни мубодилаи маблағ дар суратҳисоби бонкӣ ба иштирокчиён пурра тавзеҳ дода шуд.

Дар анҷом тазаккур дода шуд, ки сохторҳои ҲХДТ дар маҳалҳо, шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа бо нишон додани ҳамраъйии комили миллӣ ва ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафҳои олии оинномавӣ ва барномавии ҳизб муваффакиятҳоро нигоҳ дошта, фаъолияти созандаи худро ба василаи таҳкими истиклолияти давлатӣ, сулҳу суботи сартосарӣ, ҳамдигарфаҳмию пешрафт пайваста талош менамоянд.