Баргузории видео-конференсия бо устодон ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Федератсияи Россия

2023-02-22

Дар доираи курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, видео – конференсия бо устодон ва донишҷуёни Федератсияи Россия бо иштироки намояндагони Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ифтитоҳ намуда, баён дошт, ки имрӯзҳо зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавони саодатманди кишвар маҳз дар натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар хориҷи ҷумҳурӣ таҳсил доранд, ки оянда метавонанд дар пешрафти илму соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, саҳми арзанда гузоранд.

Бешак, фароҳам овардани шароти арзандаи таҳсили ҳазорон донишҷӯй дар муассисаҳои хориҷи кишвар, худ қаҳрамонист, ки Пешвои миллат онро мунтазам амалӣ менамоед.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро зимни суханронии худ иброз намуд, ки соҳаи маориф зербинои асосии пешрафти ояндаи давлату миллат буда, дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявию ҷамъиятӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот барои омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи рақобати бозори меҳнат таъсири бевосита мегузорад. Аз ин рӯ, ислоҳоти дурусти соҳаи маориф ин нишони рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва омили пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳазораи сеюм маҳсуб меёбад.

Роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия- Саидбек Мирзомуддинов ҳангоми суҳбат тазаккур дод, ки бо роҳнамоии пайвастаи роҳбарияти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар самти тарғибу ташвиқ ва пешбурди сиёсати Роҳбари муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москва баҳри тақвият ва пешбурди фаъолияти корӣ ҷиҳати тарбияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонон ва донишҷӯён корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст

Зимни вохӯриву мулоқотҳо дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат дар Федератсияи Россия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи арзишҳои сиёсӣ, давлатӣ, миллӣ ва таърихиву фарҳангиамон муҳокима гардида, ба ҳайси як дастури мукаммал дар фаъолияти ҳамарӯзаи мо мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ҳамзамон, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Марказии осиёи миёнагии миллӣ-мадании Осиё”, устоди Академияи давлатии кишоварзии шаҳри Иванов ба номи академик Д.К.Беляев- Бобоев Илҳом, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии донишҷуён ва ҷавонони Тоҷикистонии шаҳри Санкт-Петербург, донишҷӯ аз шаҳри Пенза-Шеров Олимҷон, аспиранти Академияи хоҷагии қишлоқ ва идоракунии назди Президенти Федератсияи Россия-Салимзода Каримҷон суханронӣ намуданд. 

Дар ин радиф ёдовар шуданд, ки насиҳату тавсияҳои Пешвои миллатро ҳамеша сармашқи кори худ намуда, бо рафтору гуфтори наку миллату давлатро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати дорои тамаддуни бузургу қадимӣ боз ҳам бештар муаррифӣ созанд. Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо бо ифтихору сарфарозӣ барои ободонии меҳани муқаддас, ки онро ном Тоҷикистон аст, саҳми босазои хешро гузоранд.

Дар интиҳо, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани зиндагии босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон пайваста талош дошт ва ин раванд боз ҳам босамар идома дорад. Он Тоҷикистонро ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ ва бомаром идома медиҳад.