СОЛИ 2025 –СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

2023-01-27

Тағйирёбии глобалии иқлим, сол ба сол гармтар шудани ҳаво аз мушкилоти ҷиддии экологиест, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аллакай, аз худ дарак дода истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ ҷойгоҳи калидӣ касб намудааст. Аз ҷумла, Сарвари давлати мо бо як қатор ташаббусҳои муфид оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари СММ баромад намуданд. Дар соҳаи сиёсати байналмилалии об Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол, ташаббускор ва аз субъектҳои асосии он ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ҳамчунин, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) мебошад. 

Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии ҳоҷагии оби Осиёи Марказӣ аст. Аз ин лиҳоз, ҷумҳурии мо бо назардошти манфиатҳои кишварҳои наздисоҳилӣ бояд аз захираҳои оби худ оқилона истифода намояд.

Тоҷикистон дорои захираи фаровони обист ва 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад. Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд. 

Албатта, ин пазироӣ ба сифати кишвари ташаббускор асосҳои худро дошта, дар ин замина то ба имрӯз дар аксари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои экологӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти соҳа дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон зикри худро ёфтаанд. Алалхусус, дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният қарор гирифтааст.

Дар ин робита, соли 2008 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардида буд: «Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад».

Албатта, дар мавриди зикршуда ҳолати таъсири нобасомони гармшавии иқлимро нисбат ба пиряхҳо мушоҳида карда метавонем, ки дар ҳолати чораҷӯӣ накардан аз ҷониби мамлакати алоҳида ва ё дар якҷоягӣ метавонад ба оқибатҳои ногувори табиӣ оварда расонад. Дар баробари ин, обшавии пиряхҳо барои нигоҳдории муътадили обанборҳои сунъӣ сохташуда, неругоҳҳои барқи обӣ, киштзорҳо, ҷойҳои аҳолинишин метавонад таҳдиди бевосита дошта бошад, зеро аз меъёри муқаррарӣ зиёд шудани об дар гардиш метавонад ба ин оқибатҳои ишорагардида оварда расонад.

Натиҷаи кӯшишҳои роҳбарияти олии мамлакат буд, ки 14 декабри соли 2022, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. 

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Қатъномаи мазкур аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст. Инчунин, дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера гаштааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст гардидани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳр таъсир расонда истодааст.

Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони Қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Дар баробари ин, бояд аз мадди назар дур насозем, ки масъалаҳои экологӣ, алалхусус таъмини ҳифзи пиряхҳо метавонад ба суботи экологии наслҳои ояндаи аҳолии Тоҷикистон ва ҳатто минтақа созгор бошад. Бинобар ин, бояд боз ҳам масаъалаҳои робитаҳои берунӣ оид ба беҳсозии вазъи мавҷудаи захираҳои пиряхҳои ҳудуди мамлакат, омӯзиш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи онҳо ҷоннок карда шаванд.

Мутаассифона, таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим, ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор кардаанд. Чунин ҳолат таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, зеро таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, бисёр возеҳ ва нигаронкунанда мебошад. Дар ин росто, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (шаҳри Душанбе, тариқи маҷозӣ (онлайн), 23 апрели соли 2022 таъкид ба амал оварданд, ки Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванд мебошанд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад. 

Мусаллам аст, ки захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва устувор будан ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ доранд. Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд.

Бо назардошти андешаҳои болозикр бояд таъкид намоем, ки эҳтимол дар натиҷаи гармшавии иқлим дар бисёр минтақаҳо ғайричашмдошт бо суръати таҳдидкунанда обшавии пиряхҳо, ки манбаи оби ошомиданианд, ба назар мерасад. Аз рӯи мушоҳидаҳо дар давоми панҷоҳ соли охир дар кӯҳҳои Помир, ки ганҷинаи табиии оби тоза мебошанд, захираи пиряхҳо ду баробар кам шудааст. Агар ин ҳолат бетағйир монад, оқибатҳои онро тасаввур кардан мушкил нест. Ҳолати болозикр яке аз омилҳои меҳварӣ дар нобудшавии захираҳои муҳимми пиряхҳо дар дилхоҳ минтақа ба шумор меравад, ки ҳолати буҳронӣ маҳсуб мегардад.

Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки талафоти солона аз тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи иқлимӣ 600 миллион доллар ё 4,8 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Албатта, вазъи мазкур барои кишвари мо аз нигоҳи иқтисодӣ талафоти молиявии бузург маҳсуб мешавад. Бинобар ин, тадбирандешӣ дар ҷодаи ҳифзи пиряхҳо барои тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ таъсиргузор боқӣ мемонад.

Раҳмия Исматова,

мудири бахши занон ва ҷавонони

КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун