Ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Тавонбахш»

2023-01-27

Дар беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А.Нурматов ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тавонбахш” баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ширкат варзид.

Дар ҷаласа нахуст ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шунида шуда, вобаста ба пешбурди минбаъдаи фаъолият қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ зимни баромади худ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои Оинномавию барномавии ҳизб тавсияву роҳнамоии мушаххас пешниҳод намуд.

Сипас, аз ҷониби аъзои гурӯҳи тарѓиботии кумиҷроия, дотсент Зеварой Бобоева нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуда, таъкид гардид, ки Пешвои миллат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳамеша дастгирӣ мекунанд.

Аҳаммияти сиёсӣ, назариявӣ, илмӣ, таҳлилӣ, ояндабинӣ ва амалии Паём дар он ифода мегардад, ки ин санад тамоми соҳаҳои калидии ҳаёти мамлакат – сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, тандурустӣ, мактабу маориф, илму фарҳанг, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амният ва суботи ҷомеа, давлатро таҳлилу баррасӣ, арзёбӣ ва дурнамои онро муайяну мушаххас месозад. Мазмун ва муҳтавои аслии ин санади ояндасоз пеш аз ҳама ба марҳила ба марҳила боло бурдани сатҳи некӯаҳволии халқ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум мебошад.

Ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат моро водор мекунад, ки баҳри ободониву бунёкорӣ ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми босазои хешро гузошта бошем.