Паёми Пешвои миллат - роҳнамои имрӯзу фардо

2023-01-27

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек, таҷрибаи нодири давлатдорӣ мебошад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати барномавии сиёсӣ – ҳуқуқие мебошад, ки самтҳои асосии давлат дар як давраи муайян ҷамъбаст ва нақшаҳо барои ояндаи наздик ва дур муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, Паём барои сокинони кишвар роҳнамои имрӯзу фардо ба ҳисоб меравад. Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки тамоми дунёро буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ фаро гирифта, башарият дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7, 3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Дар ҳамин радиф музди миёнаи меҳнат дар кишвар 1,5 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш ёфт. Дар ин давра бештар аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022 190 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд.

Дар Паём омадааст, ки чун ҳамешагӣ ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9, 1 миллиарди соли 2018 то 14, 7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар Паём ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таҳлил ва рушди бемайлони онҳо дар оянда муайян карда шудааст. Дар Паём рушди иқтисодиёт, соҳибкорӣ, тадбирҳо дар бораи рушди саноат, коммуникатсия, хоҷагии қишлоқ, рушди энергетика, сайёҳӣ, дастраси ба манзил, соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, ҷавонон, занон вазъи сиёсии ҷаҳон ва масъалаҳои умдаи рӯз таҳлили пурраи худро ёфтаанд.

Дар Паём ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шуда, омадааст, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорон танҳо дар панҷ соли охир 18 ҳазор иншоот ба маблағи 12 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Барои боз ҳам рушди соҳибкорӣ пешниҳод шуд, ки ба мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад. Тадбирҳо дар бобати рушди саноат самараи нек дод.

Танҳо дар соли 2022 дар мамлакат 500 корхонаю коргоҳҳо сохта ба истифода дода шуданд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Дар Паём Вазорати саноат ва технологияи нав, рушди иқтисод ва савдо, вазоратҳо барои барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли равған, коркарди ниҳоии маҳсулот, саноати дорусозӣ вазифадор карда шуданд.  Барои рушди энергетика ва таблиғи энергияи сабз ва истифодаи сарфаҷӯёнаи он, дар Паём супориш дода шуд, ки нерӯгоҳҳои барқии Сарбанд, Норак, Қайроқум, Себзор аз нав таҷдид карда шаванд. Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар вазоратҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки барои дурнамо ва рушди энергетика ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Бо мақсади беҳтар намудани роҳу шоҳроҳҳо дар панҷ соли охир корҳои самарабахш ба анҷом расонида шуд. Илова бар ин соли 2023 тибқи панҷ лоиҳаи дигар роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб, Данғара – Гулистон – Фархор, Бохтар – Левакант – Данғара ва чунин роҳҳо дар вилояти Суғду Бадахшон сохта мешаванд. Дастрасӣ ба манзил як талаботи мардум аст, ки ба он аҳаммияти зарурӣ дода мешавад, - омадааст дар Паём. Аз соли 2000 то соли 2022 ҳаҷми солонаи ба истифода супоридани манзил аз 245 ҳазор метри мурабаъ ба зиёда аз 1,5 миллион метри мурабаъ расидааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор аҳолӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Супориш дода шуд, ки минбаъд дар вақти бунёди манзил унсурҳои меъмории миллӣ ва замонавӣ ба эътибор гирифта шавад. Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.  Зеро мактабу омӯзгор набошад, - омадааст дар Паём, - сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳитар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

Чунин таваҷҷуҳ дар Паём нисбати соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, соҳаи кишоварзӣ, нисбати ҷавонон, занон зоҳир карда шудааст, ки мояи ифтихори ҳар яки мост. Дар соли ҷорӣ баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақа бори дигар аз ғамхории Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дарак медиҳад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки татбиқи дастуру супоришҳои дар Паём омада дар пешрафту тараққиёти кишвар ва зиндагии осудаҳолонаи мардум қадами созандае барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва миллат мебошад.

Асадуллозода В.,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Ховалинг

Хабарҳои охирин