Вохӯрии судманд дар ташкилоти ибтидоӣ
2023-01-26

Вохӯрии гурӯҳӣ кории КИ
ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо
мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои
миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти
ибтидоӣ “Дӯстии халқҳо” дар ҳайати раиси ҲХДТ дар ноҳия
Абдуллозода Ваҳобиддин ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Мардонов
Фирдавс доир гардид.
Аз тарафи иштирокчиёни
гурӯҳӣ корӣ, тамоми паҳлӯҳои Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифта,
аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани Паёми навбатии
Президенти мамлакат дар кору пайкори худ саҳмгузор бошанд. Паём воқеан санади муҳимми таҳлилӣ,
раҳнамо, дурнамои инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа буда, дар он самтҳои
асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, стратегияву барномаҳои рушди
устувори мамлакат тарҳрезӣ гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва
таъмини рушди устувори мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии
мардуми кишвар ҳамчун ҳадафи олии давлату Ҳукумат равона карда шудааст. Паём на
танҳо дурнамо ва пешрафти кишвари моро ба як соли оянда, балки ба даҳсолаҳои
дигар муайян ва мушаххас менамояд.
Ҳамзамон
дар вохӯрӣ, масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон,
зӯроварӣ дар оила, пешгирии таваллуди хонагӣ, тарзи ҳаёти солим, дар рӯҳияи
Ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин, самтҳои афзалиятноки
ҳизбӣ баррасӣ гардиданд. Аз тарафи иштирокчиён дар анҷоми вохӯрӣ саволу дархост
пешниҳод гардида, ба онҳо аз тарафи масъулин ҷавобҳои қаноатбахш гардонида шуд