Нақши Паём дар таъмини зиндагии шоистаи мардум

2023-01-26

Дар кишвари маҳбубамон ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баромад мекунанд. Пояҳои давлатдорӣ, хусусан, ҷанбаҳои бунёдӣ ва арзишии он дар мактаби сиёсӣ ва давлатдории миллии Роҳбари давлат бо шаклу мазмуни наву муосир такмил ёфта, Тоҷикистон ҳамчун давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд роҳи минбаъдаи худро пайдо кард. Тарҳрезии дурусти барномаҳои азими иқтисодӣ, хусусан бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои коркарди пахта, ришта, матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ, истеҳсоли семент, ангишт, нуриҳои маъданӣ, тилло, нуқра, сурма, инчунин рушди саноати сабук, ислоҳот ва таҷдиди соҳаи кишоварзӣ аз ҷумлаи он тадбирҳои муҳимме буданд, ки ба Паём асос ёфта, барои тақвияти иқтидори иқтисодии кишварамон такони ҷиддӣ бахшиданд.

Илова бар ин, бунёди низоми ягонаи энергетикӣ, таҷдиди нерӯгоҳҳои Норак, Сангтӯда ва Қайроқум ҷиҳати афзудани ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ва махсусан, бунёди нерӯгоҳи бузурги аср - Роғун аз сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд.

Тоҷикистони муосири имрӯзаро марҳилаҳои рушди тараққиёт фаро гирифта истодааст, ки таҳти назорат ва идора қарор додани онҳо барои рушди давлату миллат, корхонаву ташкилотҳо ва оилаҳо низ бениҳоят муҳим мебошад. Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст. Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем.

Дар даврони Истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шуд. Шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Дар соли 2021 беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.

Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод гардид, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро “Шево ва шоирона” гуфта, муҳаббат ба забонро ба “Мисли Модар ва Ватан” дониста, ҳифзи онро “Ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон” зарур шуморидааст. Муҳаббати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба забон то ба ҷоест, ки онро дар Паёми соли 2019 «Оинае» маънидод кардааст, ки дар он «Симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад». Барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонем. Дар ин бора Пешвои миллат хеле бамаврид гуфтааст, ки: “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихӣ воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.

Хуллас дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун чароғи фурӯзон, фишангӣ доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод менамояд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

Фозилзода Ш.М., мудири шуъбаи

ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе