Рашт дар партави Паём

2023-01-24

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6, 54 ва №35 –и ноҳия бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Идизода Заррина Фузайлшо, раиси ташкилоти ибтидоии “Боқӣ Раҳимзода” Ҳасанов Ҳасан ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт, вобаста ба Паёми ироагардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, бо кормандони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва хонандагони синфҳои болои вохӯри баргузор гардид.

Зикр гардид, ки Роҳбари давлат ҳамасола бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххасе медиҳанд.

Зикр гардид, ки соҳибкори муваффақи деҳаи Шоле, ҷавони ватандўст Файзиддин Зиёвиддинов, соли гузашта бо сарфи 11 млн сомонӣ бинои таълимӣ сохта мавриди истифода дода, ҳамзамон, пас аз ироаи Паём, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар масоҳати 3 км ба аҳоли хаттӣ нави барқ кашида шуд. Ибтикори созандагиҳо дар партави Паём дар ин маҳал рушд намуда истодааст.