Идомаи шарҳу тавзеҳи Паём дар ҷамоати деҳоти Дӯконӣ

2023-01-24

Тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр оид ба баргузории вохӯрӣ бо сокинони кӯчаю маҳаллаҳо оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, гурӯҳи кории муштараки таблиғгарон дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, муовинони раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода, Маҳмадизода Хайриддин, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, раиси ҷамоати деҳоти Дӯконӣ, Каримзода Анзурат бо сокинони деҳаи Сари Гузари ҷамоати деҳоти Дӯконӣ шаҳри Норак вохӯри доир намуданд.

Зикр гардид, ки ҷавҳари асосии муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, таъмини зиндагии шоистаи мардум, дӯст доштани Ватани худ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли кишвар, ҳамзамон, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" буда, дар ин радиф вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ баҳри истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба озмуни "Маҳаллаи беҳтарин", "Хонаи беҳтарин" мавриди таъкиди ҳамагон қарор гирифтанд.

Баргузории вохӯриҳо дар дигар кӯча ва маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳоти шаҳр идома доранд.