Маҷлиси ҳисоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид

2023-01-23

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Қаҳҳорзода Меҳрубон Қаҳҳор, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, вакилони халқ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, фаъолони ҳизб, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Дар маҷлис чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои соли 2023

2. Тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Тасдиқи нақшаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон барои соли 2023

4. Масъалаҳои ҷорӣ. 

Доир ба масълаи якуми рӯзнома, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар давраи соли 2022 ҳисобот дод. Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қолинҳои Қайроққум” Абдумуталиб Абдулоев, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг” Бибиомина Мирзоева, вакили Мақлиси вакилони халқи шаҳр Амонҷон Қаюмов ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳриро дар соли 2022 хуб арзёбӣ намуданд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Қаҳҳорзода Меҳрубон Қаҳҳор, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ оид ба фаъолияти пурсамари Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон фикру андешаҳои хешро баён намуда, барои пешбурди фаъолияти минбаъда таклифу пешниҳодҳо изҳор намуданд.

Дар маҷлис ҳамаи масъалаҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Як қатор фаъолони ҳизб бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон сарфарозонида шуда, ба 10 нафар аъзои тозаинтихоби ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.