Дар Ҳисор Озмуни “Ватанпарвар” таҳти унвони “30-қадами устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии Ватан!” баргузор мегардад

2023-01-23

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор бо қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, дар доираи иқдоми “Ватандӯстӣ ва рушд”, ки аз Паёми Роҳбари давлат бармеояд, Озмуни “Ватанпарвар” таҳти унвони “30-қадами устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии Ватан!” гузаронида мешавад.

Мақсади гузаронидани Озмуни мазкур ин тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандўстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир, таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон, таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандустию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон, талқини ҷавонон барои сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии давлату миллат ба ҷаҳониён ва эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон дар самти ҳифзи марзу буми кишвар мебошад.

Дар доираи Низомномаи таҳиягардида, таблиғи ғояҳои асосии миллӣ, аз қабили садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи шарафмандона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ байни ҷавонон ва пос доштани чунин вазифаҳо амалӣ карда мешаванд.

Тибқи талаботи Низомнома дар Озмуни мазкур донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо, хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор, нозирони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва маҳаллаву деҳаҳои шаҳри Ҳисор иштирок карда метавонанд.

Шартҳои Озмун навиштани мақола, иншо, реферат дар мавзӯи таърих ва моҳияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, расми беҳтарин, ки бозгӯкунандаи хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, фаъолтарин нозири мизи ҳарбӣ дар дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, оилаи намунавӣ дар самти тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, маҳалла ва деҳаи фаъолтарин дар маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, спортакиадаи варзишӣ байни ҷавонон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Ҳисор иборат мебошад. 

Озмун дар ду давр гузаронида мешавад:

- даври якум дар доираи муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз “01” феврали соли 2023 то “14” феврали соли 2023 гузаронида шуда, ташкилкунандагони Озмун, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозимаро барои иштирок дар Озмун ба роҳ мемонанд ва аз миёни довталабон ғолибони ҷойи якумро барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод менамоянд;

- даври дуюми Озмун барои ғолибони ҷойҳои якуми даври якум 16 феврали соли 2023 баргузор мегардад.

Тибқи талаботи Низомнома даврҳои якум ва дуюми озмунро Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи маорифи шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор дар сатҳи баланд доир хоҳанд намуд.

Ғолибони озмун бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи маорифи шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор қадрдонӣ карда мешаванд.