Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог”

2023-01-20

Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Геолог”-и Саридораи геологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 - юми декабри соли 2022, бо иштироки Оймуҳаммадзода Илҳомҷон, раиси ташкилоти ибтидоӣ, Ашӯрова Дилрабо, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳизб доир гардид.

Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии њизбии «Геолог” дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023, тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Оймуҳаммадзода Илҳомҷон аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Геолог» дар соли 2022 ҳисобот манзур намуд. Зимни ҳисобот гуфта шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти пурсамари худро зери Барномаи бомароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси нақшаи кории худ ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб ба роҳ монда, корҳои зиёди таблиғотиро дар соли сипаригашта ба анҷом расонид.  

Ҳамзамон, тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуд. Сипас, тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис Ашӯрова Дилрабо бо истифода аз нуқтаҳои муҳимми Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зикр намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳамзамон, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Дар идома Қурбонзода Убайдулло зимни суҳбат, доираи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат дар масъалаҳои аҳаммияти саҳмгузории миллӣ дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар ибрози андеша карда, тазаккур дод, ки солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.