КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор: дастовардҳои назаррас дар давраи ҳисоботӣ

2023-01-20

Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки аз ҷониби Роҳбарияти КИМ ҲХДТ тасдиқ гардидааст, бо қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор карда шуд.

Дар кори Маҷлиси Кумитаи иҷроия Дустмуродзода Сурайё, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зувайдуллозода Муҳиббуло, аъзои КИМ ҲХДТ, Юлдошзода Бунафша, муовини раиси шаҳри Ҳисор, Ҳакимӣ Мавҷуда, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва аъзои фаъоли ҳизб иштирок намуданд.

Дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуданд:

1. Дар бораи гузориши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор “Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2023”;

2. Дар бораи омӯзиш ва тасдиқи нақшаи фаъолият вобаста ба роҳандозии тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022;

3. Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 30 ноябри соли 2022 баён намуданд;

4. Дар бораи тасдиқи Низомномаи шуъбаҳо ва бахши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор;

5. Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор барои нимсолаи якуми соли 2023;

6. Дар бораи тақсимоти аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба комиссияҳои доимоамалкунандаи назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор;

7. Дар бораи вобаста намудани аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти онҳо тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

8. Дар бораи тасдиқи Низомнома ва ангораи Озмуни “Ватанпарвар” таҳти унвони “30-қадами устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии Ватан!” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Дар бораи тасдиқи Қарори Конференсияи якуми кумитаҳои иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”, Ворисони Сино” ва “Сино” дар бораи таъсиси кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ;

10. Дар бораи тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзои ҳизб;

11. Дар бораи тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ҳизбӣ;

12.  Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз руи масъалаи якуми рӯзнома оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, Раиси Кумитаи иҷроия Изатуллои Ҳабибзод гузоришро ироа намуда, аз дастовардҳои кумитаи иҷроия ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолият дар давоми соли 2022 ёдовар гардид.

Дар гузориш зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо бурдани корҳои таблиғотӣ 40 адад ташкилоти ибтидоии нав таъсис дода шуда, 2465 нафар аъзои нав ба сафи ҳизб қабул карда шуданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки бо тадбирандешӣ ва пурзӯр намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ сафи аъзои ҳизб дар шаҳри Ҳисор зиёд гашт ва ин имкон дод, ки дар соли 2022 се Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ аз ҷумла, “Маорифичиён”, “Ворисони Сино” ва “Сино” таъсис дода шавад.

Мавсуф зикр намуд, ки соли 2022 барои ҳизбиёни шаҳри Ҳисор соли амалисозии ташаббусҳои ҳизбӣ ба шумор меравад. Гузоштани санги асоси бинои маъмурии Кумитаи иҷроия, таҳия ва тасдиқи дастурамали коргузорӣ ва дастурамали вазифавии кормандони Кумитаи иҷроия, таҳияи низомномаи шуъбаҳо, таъсиси 3 Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, 40 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, қабули 2465 нафар аъзои ҳизб, дар сатҳу сифати нав ба роҳ мондани баргузории чорабиниҳо ва иҷрои саривақтии “Обуна-2023” ба нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” аз дастовардҳои ҳизбиёни шаҳри Ҳисор маҳсуб меёбад.

Дар идома Изатуллои Ҳабибзод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти кории шуъбаву бахшҳо ва кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ изҳори назар намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар назди сохторҳои ҳизб дар шаҳри Ҳисор вазифагузориҳо намуд.

Дар музокира раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” Ҳакимӣ Мавҷуда ва раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварзон” Шарифӣ Бобосафар баромад намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисорро дар соли 2022 мусбат арзёбӣ намуданд.

Сипас, вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис дар бораи омӯзиш ва тасдиқи нақшаи фаъолият вобаста ба роҳандозии тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода баромад намуда, нуктаҳои асосии Паёми мазкурро шарҳу тавзеҳ доданд.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастурҳои вазифавии Паёми Роҳбари давлат нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 30 ноябри соли 2022 баён намуданд аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Зувайдуллозода Муҳиббуло суханронӣ намуда, дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расонида, аз аъзои Кумитаи иҷроия ва раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ даъват ба амал овард, ки дар амалӣ гардидани ҳадафу ормонҳои ҲХДТ масъулиятшинос бошанд. Вобаста ба масъалаи баррасигардида нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуд.

Дар идома масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис аз ҷумла, дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор барои нимсолаи якуми соли 2023, дар бораи тақсимоти аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба комиссияҳои доимоамалкунандаи назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, дар бораи вобаста намудани аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти онҳо тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар бораи тасдиқи Низомнома ва ангораи Озмуни “Ватанпарвар” таҳти унвони “30-қадами устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии Ватан!” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тасдиқи Қарори Конференсияи якуми кумитаҳои иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”, Ворисони Сино” ва “Сино” дар бораи таъсиси кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, дар бораи тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзои ҳизб ва дар бораи тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, дар алоҳидагӣ қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дар Маҷлиси Кумитаи иҷроия муовини Раиси шаҳри Ҳисор Юлдошзода Бунафша суханронӣ намуда, зикр дошт, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар соли 2022 дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуд, ки натиҷаҳои мусбати фаъолиятро аъои ҳизб ҳамарӯза шоҳид буданд.

Дар идома мавсуф оид ба масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, иҷрои қонунҳо, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳо, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ суханронӣ намуд.

Бо назардошти иқдоми аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор муҳтарам Қосим Роҳбар дар сати таҳким бахшидани узвият ва афзудани таваҷҷуҳи бештари сокинон ҷиҳати шарфёб гардидан ба узвияти ҲХДТ қайд гардид, ки сафи аъзои ҲХДТ дар асоси омӯзиш зиёд карда шавад.