Паёми Пешвои миллат – кафили субот ва рушди устувори давлат

2023-01-19

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” – и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурии таблиғотӣ бо иштироки Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, раиси ташкилоти ибтидоии “Молия”, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Равшан Муҳиддин, раиси кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳизб баргузор гардид.

Нахуст Қаҳҳорзода Ф.С бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, сипас нуқтаҳои муҳимми Паёми Пешвои муаззами миллат дар самтҳои гуногуни соҳаи ҷамъиятӣ тавзеҳ дода шуданд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки “сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт”.

Ҳамзамон, баромадкунандагон оид ба самтҳои гуногуни Паёми имсолаи Пешвои миллат баромад намуда, зикр доштанд, ки барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд.