Баргузории Конференсияи XIV Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

2023-01-19

18 январи соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар ба номи Аловиддин Абдуллоев Конференсияи XIV Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар конференсия Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Давлаталӣ Саид, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар конференсия 5 масъала - фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз моҳи ноябри соли 2020 то моҳи декабри соли 2022, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ, интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, интихоби ҳайати Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва интихоби Сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳамрози халқ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маврид ба зикр аст, ки дар баргузории конференсия 625 нафар вакил аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Сипас, аз рӯи масъалаи якум Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба фаъолияти дуюнимсолаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб баромад карда, иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии вилоят нисбат ба ҳамин давраи гузашта барзиёд иҷрошуда арзёбӣ мегарданд ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки минбаъд низ, ин нишондиҳандаҳо боз ҳам беҳтар татбиқ гардида, навоварию ташаббусҳои пешгирифтаи ҳизбӣ дар сатҳу сифати баланд ташкил ва амалӣ карда мешаванд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи конференсия Назарзода Бахтиёр, раиси Комиссияи ташфтишотии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар бораи бурду бохти фаъолият давоми дуюним сол дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни баромади худ фаъолияти Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизбро дар давоми дуюнимсол қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки чанде пеш Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои Қарорҳои Анҷумани ҲХДТ ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳилаи минбаъда мушаххас карда шуда буданд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки: “Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ҳизби мо ба як неруи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст. Соли 2022 барои мо масъулин, ташкилотҳои ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб низ аз марҳилаҳои пешравии камолот ва фаъолияти пурсамар буд. Воқеан соли 2022 барои ҳар як шаҳрванди кишвар хотирмон буд ва рӯйдодҳои соли сипаригашта дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун падидаҳои нотакрор сабт мегарданд”.

Аз ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бармеояд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии вилоят ҷиҳати амалӣ гардидани қарорҳо, дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб корҳои мушаххас анҷом дода шудаанд. Боиси қаноатмандӣ аст, ки як қатор иқдомҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, аз қабили Рейтингӣ ҳизбӣ, Мактаби сиёсии Пешвои миллат, Маркази тренингӣ, Рӯзи ёдоварӣ, Барномаи сарбози ихтиёрӣ ва баргузории корҳои ободонию созандагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дастгирии худро ёфта, айни ҳол дар ташкилотҳои ҳизбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумуҳурӣ ҳамчун таҷрибаи пешқадам истифода шуда истодаанд.

Инчунин, Азизӣ Абдуҷҷабор Абдуқаҳор дар баробари муваффақиятҳои ба дастомада, аз мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ёдоварӣ карда, ҷиҳати бартараф кардани онҳо ва расидан ба муваффақиятҳои бештар ба сохторҳои ҳизбии вилоят дастуру супоришҳо доданд.

Давлаталӣ Саид иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар назди иштирокдорон баромад карда, зикр намуд, ки Паёми имсолаи Президенти мамлакат фарох ва фарогири тамоми ҷамбаҳои ҳаёти кишвар буда, Пешвои муаззами миллат дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муддати панҷсоли ахир ба риштаи таҳқиқ ва таҳлил кашиданд ва дар муқоиса бо панҷ соли қаблӣ мушаххасан аз комёбиву пешравиҳо ва ободкорию созандагиҳо воқеияти мушкилотро баён намуд.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат зикр намуданд, ки: “Новбаста аз равандҳо ва мушкилоти гуногуни сиёсӣ иқтисодиёти Тоҷикистон рушд карда, сатҳи некуаҳволии мардум баланд гардид.

Бо пазируфта шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон, яъне эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Миллали муттаҳид обрӯ ва нуфузи мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта, чун мамлакати амн ва ташаббускор шинохта шудааст. Тавре медонем, Конфренсияи ҳисоботӣ- интихоботӣ тибқи талаботи Оиннома дар дувунимсол як маротиба баргузор мегардад, аз чорабиниҳои муҳими ташкилии ҳизбӣ ба ҳисоб рафта, самараи фаъолияти ҳам ташкилоти ҳизбӣ ва ҳам аъзои худро инъикос мекунад.

Дар идома Аҳмадҷон Ализода, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ғазалшоҳ Сафарзода сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Сулаймонова Лола раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Зоирзода Маърифат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ва дигарон баромад карданд.

Иштирокчиёни конфренсия аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Ҳамзамон, маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо баррасии се масъала, интихоби Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, интихоби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои ташкилӣ доир гардид.

Нахуст, тибқи банди 4.13 Оинномаи ҳизб, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иборат аз 17 нафар интихоб шуданд.

Дар доираи масъалаи навбатии маҷлис, зикр намудан бамаврид аст, ки тибқи банди 4.19 – Оинномаи ҲХДТ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадҳоро барои интихоб кардан ба вазифаи раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба маҷлиси кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои интихоб пешниҳод менамоянд. Дар мувофиқа бо Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, номзадии Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешниҳод ва ҷонибдории аъзо интихоб гардид. 

Дар қисмати ташкилии маҷлис, дар мувофиқа бо Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, муовинони раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизбии вилоят Ҳусейнзода Наврўз ва Гулмуродзода Қумриниссо таъин шуданд.

Дар интиҳо як қатор фаъолони ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.