Маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

2023-01-18

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маҷлиси ҷамъбасти солонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси ноҳия Гулзода Зафар, мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муқимзода Наргис, аъзои фаъоли ҳизб ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣинчунин узви Кумиҷроияи ноҳиявию вилоятии ҳизб, аъзои Раёсат, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд. 

Рӯзномаи маҷлис аз рӯи масъалаҳои зерин баррасӣ гардид.

1. Дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар соли 2022 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраҳои оянда;

2. Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои соли 2023;

4. Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи кории Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ барои соли 2023;

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Назарзода Толибҷон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баромад намуда, доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2022 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраҳои оянда дар назди ҳозирин ҳисобот пешниҳод намуд.

Доир ба ин масъала Дӯстов Аҳмадхон, раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ” ба музокира баромада, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ба навбат муҳокима  гардида, аз рӯи онҳо маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Баъдан Муқимзода Наргис, мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии КИМ ҲХДТ зимни баромади худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва мақоми зан дар ҷомеаи муосири тоҷик ибрози андеша намуда, доир ба саҳми назарраси занони кӯҳистон дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбию давлатӣ ёдовар шуданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки соли 2022 барои мардуми шарифи мамлакат ба хусус сокинони сарбаланди ноҳияи баландкуҳи Шамсиддин Шоҳин басо таърихӣ ва хотирмон буд. Зеро, ки  дар ин сол ду маротиба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф  оварданд. Мо ҳизбиён аз ҷумла масъулини КИМ ҲХДТ аз сокинони ноҳия бобати меҳмондорӣ ва қабули меҳмони олиқадр қаноатмандӣ намуда, боварӣ ҳосил намудем, ки дар ҳақиқат мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сиёсати Ҳукумати кишвар созгор мебошанд.

Дар ҷараёни баргузории маҷлис Гулзода Зафар, узви Кумиҷроия, раиси ноҳия зимни суханронӣ доир ба бурду бохти ҳизбиёни ноҳия дар зарфи соли 2022 ибрози андеша намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Дар охири чорабинӣ ба як қатор аъзои фаъоли ҳизб, собиқадорони ҳизбӣ ва аъзои ҳайати намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” сипоснома, тӯҳфа ва маблағҳои пулӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.