Мавқеи ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат

2023-01-18

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон мавқеи намоёнро ишғол намудааст.

Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сиёсати давлатии ҷавонону занон, рушди сайёҳӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, рушду нумўи қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, тақвияти ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиаи мамлакат, суботу амнияти ҷомеа ва давлат, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, самаранокии бозори меҳнат ва дигар масъалаҳои ниҳоят муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ шуда, роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод гардиданд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, дар оғоз ба тағёирёбии вазъи сиёсиву геополитикии ҷаҳон ва минтақа, бархӯрдҳои сиёсӣ, бемориҳои сироятӣ, бӯҳрони иқтисодӣ ва ба тағйироти бесобиқа дучор шудани иқлими ҷаҳонӣ ишора карда шуда, соли 2022-ро вусъатгирии таҳримҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, кандашавии истеҳсоли молу маҳсулот ва баландравии нархи маҳсулоти ғизоӣ унвон доданд.

Дар ин баробар, аз дастовардҳо ва ҷашнҳои таърихии миллат, ки маҳз дар соли 2022 таҷлил шуда буд, дар мисоли 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва қабул шудани Қатъномаи “2025 соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо”, ки 14 декабри соли 2022 дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77–уми худ ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, тантанвор ироа шуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистонро бо ин паёми нек табрику таҳният намуданд. Дар идома ҳисоботи солонаи Президенти ҷумҳурӣ дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва фарҳангӣ ба халқи Тоҷикистон ироа карда шуд. Дар баробари муваффақиятҳо ва пешравиҳое, ки дар соли 2022 муяссар шудаст, камбудӣ ва норасоиҳо низ таъкид карда шуданд ва ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо супоришҳои дахлдор низ дода шуд.

Чун ҳамасола Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон нисбати ҷавонон ва қишри ҷавони ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, таъкид намуданд, ки маҳз ҷавонон ва фаъолияти неки онҳо ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин месозад. “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаи ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад”.

Ин гуфтаи Пешвои муаззами миллат бояд барои якояки мо бояд шиори зиндагӣ бошад ва дар тарбияи насли наврас чӣ ҳоло ва чӣ дар оянда саҳми боризи худро гузорем. Дар ин баробар чандин пешниҳодҳо ва дастурҳои Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирии ҷавонон дар Паём ироа шуд, ки барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо замина мегузорад. Қабул намудани “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027”, баланд бардоштани суръати интернет ва коҳиш додани нархи он, ба миқдор 20% зиёд намудани стипендияҳои донишҷӯён, баргузории озмунҳо ва чандин иқдомоти дигарест, ки дар самти ҷавонон амалӣ хоҳад шуд.

Мо, ҷавонон мисли ниҳоле ҳастем, ки маҳз дар мазрааи мактабу боғбонии омӯзгор инкишоф меёбем. Пешвои муаззами миллат низ ин нуктаро дарк намуда, ба маориф таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намудаанд. Дар ин баробар, ҷиҳати забономӯзӣ, касбомӯзӣ, дастгирии ҷавонони болаёқат ва донишандӯзии ҷавонон таъкиди махсус зоҳир карданд. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.

Гулзода Шералиева,

аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботии

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ