Паём-роҳнамои ҷавонон

2023-01-18

Дар ҳошияи чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муслиҳиддин Бурҳонзода бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омор» мулоқот анҷом дод.

Зимни ҷамъомади мазкур Бурҳонзода Муслиҳиддин ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода, аз ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон ёдовар гашт ва таъкид дошт, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо ҷавононро зарур аст, то дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалигардонии ҳадафҳои Оинномавию барномавии ҲХДТ, инчунин пешрафти соҳоти мухталифи хоҷагии халқи кишвар масъулиятшинос бошанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳ. Юсуфзода низ зимни суханронии хеш ҳозиринро бо самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ошно сохта, иброз дошт, ки Паёми навбатии Роҳбарияти олии кишвар роҳнамои ҷавонон ба сӯи фардои дурахшон буда, ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ бо дарки ин маънӣ дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, дар ободониву гул-гулшукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор хоҳанд гашт.

Ҳозирин низ дар навбати худ ва дар тақвияти баромаду маърӯзаҳои қаблӣ иброз доштанд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун паёмҳои қаблӣ характери иҷтимоӣ дошта, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст ва қобили дастгириву ҷонибдорӣ буда, иҷрои саривақтиву босифати дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паём бармеоянд, вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистони азиз мебошад.