Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг” маҷлиси умумӣ баргузор гардид

2022-11-25

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳанг"-и бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод ва мудири шуъбаи бахши фарҳанги шаҳр Бахтиёр Иброҳимов маҷлиси умумӣ баргузор гардид.

Сараввал, Бахтиёр Иброҳимов, мудири бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии "Фарҳанг"-ро ифтитоҳ намуда, дар идома аз ҷумла қайд намуд, ки мо аҳли кормандони Бахши фарҳанг ҳамеша аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар партави ғамхории бевоситаи он фаъолият дорем.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод дар назди ҳозирин баромад намуд.

Дар идомаи суханронии худ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод оид ба тақвияти фаъолияти дохилиҳизбӣ, таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, амалишавии қонунҳо, ба хусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар пешбурди ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳим таъкид доштанд.

Таъкид шуд, ки аъзову ҷонибдорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро лозим аст, ки ба тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Гуфта шуд, ки вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки баҳри пойдории ваҳдати миллӣ талош намоем. Бо нигаронӣ аз вазъи минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, қайд намуд, ки ҳодисаҳои ба вуқӯъ омада ба пойдории Истиқлолу озодӣ ва ваҳдати кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон хатари ҷиддӣ ворид намуда истодааст.

Дар маҷлиси умумӣ Бахтиёр Иброҳимов, раиси ташкилоти ибтидоии "Фарҳанг" ва Достиев Бахтиёр муовини ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” интихоб гаштанд.

Дар суханронии худ Бахтиёр Иброҳимов-раиси ташкилоти ибтидоии "Фарҳанг" оид ба дастгирии аҳли фарҳанг аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлаат ба хусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ баён намуд.

Зикр намуд, ки аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии "Фарҳанг" пайваста баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии давлату Ҳукумати мамлакат ва ҳадафаҳои Барномавии ҲХДТ кӯшиш менамоянд.

Дар маҷлиси умумӣ ба як чанд нафар кормандони Бахши фарҳанг, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ пайваста буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи узви ҲХДТ супорида шуд.